Ёфтан ва нишон додани саҳифаҳои Интернет масъалаи хеле мураккаб аст. Барои ин барномаҳои махсус – браузерҳо (browser – «намойишгар», «равзанаи тамошо») истифода мебаранд.
Мафҳумҳои браузер, барномаи браузерӣ ва барномаи намоиши абарматнҳо – синонимҳои якдигаранд.
Таърихи мухтасар
Браузерҳо қариб бо WWW якҷоя пайдо шуда, роҳи дуру дароз тай кардаанд. Дар ибтидо онҳо барномаҳои оддӣ буданд ва танҳо матнро нишон медоданд. Браузерҳои муосир матн, графика, садо, видео ва мултипликатсия-ро нишон медиҳанд.
Браузерҳои зиёд сохта шудаанд: Safari, Google Chrome, Microsoft Edge, Mozilla Firefox, Opera… Дар замонҳои пеш машҳуртарин Netscape Navigator ва Internet Explorer буданд ва ҳатто ба таркиби системаҳои амалиёт ворид мешуданд; рақобати сахти онҳо сабаб шуд, ки интерфейси браузерҳо сол аз сол беҳтар шавад. Netscape барои Linux, Internet Explorer барои Windows сохта шуда буд, аммо тарзи кори онҳо аз ҳам ҷиддӣ фарқ намекард. Internet Explorer ройгон буд, Netscape – шартан ройгон (дар соҳаҳои ғайритиҷорӣ ройгон); истеҳсолкунандагон аз паҳн кардани браузер фоида намеёфтанд, балки умед доштанд, ки бозори браузерҳоро ишғол карда, таъминоти барномавиро барои серверҳо бештар мефурӯшанд. Netscape Communicator воситаи якҷоя буд: ба ғайр аз браузери Netscape Navigator он вироишгари вебсафҳа Netscape Composer ва воситаи почтаи электронӣ Netscape Messenger-ро муттаҳид мекард.
Ғояи кор дар ҳамаи браузерҳо як аст, бинобар ин мо ҷузъҳои умумиро меомӯзем – онҳо дар ҳар браузере, ки шумо доред, ҳастанд.
Равзанаи браузер
Браузерро мекушоед ва дар майдони суроға URL-суроғаи захираи лозимаро менависед, баъд Enter-ро пахш мекунед. Браузер ба захира пайваст мешавад ва иттилоотро дар экран нишон медиҳад.
- Тарафи рости майдони суроға – рӯйхати суроғаҳои қаблан кушодашуда (дар браузерҳои имрӯза майдон худаш ба шумо пешниҳод мекунад): суроғаро аз нав ворид кардан лозим нест.
- Варақа (вкладка, tab) – имкон медиҳад, ки дар як равзана якчанд саҳифа кушода шавад.
- Хатчӯб (закладка, bookmark) – суроғаи саҳифаи дӯстдошта, ки барои зуд баргаштан захира мешавад. Дар браузер тугмаи ситора ё менюи хатчӯбҳо ҳаст; саҳифаро илова мекунед – баъд бо як пахш мекушоед.
Захира кардани иттилоот
Барои захира кардани саҳифаи ҷорӣ дар компютер фармони «Нигаҳдорӣ ҳамчун…» (Ctrl + S)-ро истифода мебаранд: номи парванда ва ҷойи нигаҳдориро нишон медиҳед. Агар намуди «саҳифаи пурра»-ро интихоб кунед, расмҳо низ дар ҷузвдони алоҳида захира мешаванд. Барои захира кардани як расм – тугмаи рости мушро дар расм пахш кунед (менюи контекстӣ) ва фармони «Нигаҳдории расм ҳамчун…»-ро интихоб кунед.
Ҳамкорӣ бо равзана
Ҷузъҳоро дар равзанаи ихтироъӣ пахш кунед ва супоришҳоро иҷро кунед.