Мақсади дарс: малакаҳои дарсҳои гузашта – формула, худпуркунӣ, СУММ – дар ду масъалаи амалӣ.
Масъалаи 1: таҷҳизоти синфхонаи компютерӣ
Мактаби миёнаи рақами 15-и Душанбе таҷҳизот харидааст. Номгӯй, нарх ва миқдор дар ҷадвал оварда шудаанд:
| Номгӯй | Нарх, сомонӣ | Миқдор |
|---|---|---|
| Блоки системавӣ | 8 560 | 6 |
| Монитор | 1 890 | 6 |
| Муш | 45 | 20 |
| Садобарор | 120 | 15 |
| Сафҳакалид | 56 | 20 |
| Тахтаи электронӣ | 15 000 | 1 |
| Чопгар | 5 420 | 3 |
Харҷи умумии хариди таҷҳизотро ёбед.