Буҳрони иттилоотӣ
Имрӯз дар ҷаҳон иқтидорҳои бениҳоят калони иттилоотӣ ҷамъ шудааст. Вале одамон бо сабаби имкониятҳои маҳдуди худ аз ин иқтидорҳо пурра истифода бурда наметавонанд. Ин вазъ буҳрони иттилоотӣ ном гирифтааст ва ҷомеа бояд роҳи баромад аз онро ёбад.
Яке аз роҳҳо – воситаҳои муосири коркард ва интиқоли иттилоотро дар соҳаҳои гуногун татбиқ кардан. Ҳамин аз оғози раванди гузариш аз ҷомеаи саноатӣ ба иттилоотӣ шаҳодат медиҳад ва иттилоотонӣ номида мешавад. Барои фаҳмидани нақши таърихии он онро бо саноатикунонӣ – гузариш аз ҷомеаи кишоварзӣ ба саноатӣ – муқоиса мекунанд.
Иттилоотонӣ
Ҳоло дар ҳар мамлакат иттилоотонӣ дар ин ё он сатҳ амалӣ мешавад. Баъзе мамлакатҳо аллакай дар остонаи ҷомеаи иттилоотӣ ҳастанд, барои баъзеи дигар роҳи дуру дароз дар пеш аст. Ин аз омилҳои зиёди объективӣ вобаста аст: устувории иқтисодиёт ва сиёсати давлат, сатҳи тараққиёти саноат, мавҷудияти барномаи давлатии гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ.
Иттилоотонӣ яке аз қонуниятҳои муосири инкишофи иҷтимоӣ аст. Ҳоло ин мафҳум ба таври қатъӣ ҷойи мафҳуми машҳури «компютерикунонӣ»-ро гирифтааст. Ду мафҳум ба ҳам монанданд, вале мазмунан гуногунанд.
Иттилоотонӣ ва компютерикунонӣ
| Компютерикунонӣ | Иттилоотонӣ |
|---|---|
| Диққати асосӣ ба рушд ва татбиқи пойгоҳи техникӣ – компютерҳо, ки иттилоотро захира мекунанд ва натиҷаи коркардро фавран медиҳанд. | Диққати асосӣ ба маҷмуи чорабиниҳо, ки истифодаи дониши пурра, саҳеҳ ва мукаммали фаврии тамоми фаъолияти инсонро таъмин мекунанд. |
Мафҳуми иттилоотонӣ нисбат ба компютерикунонӣ васеътар аст: дар он вазни асосӣ на ба воситаҳои техникӣ, балки ба моҳият ва мақсадҳои пешрафти иҷтимоӣ-техникӣ меафтад. Компютер танҳо қисми таркибии пойгоҳи техникии ҷомеаи иттилоотӣ аст.
Инқилоби панҷум
Иттилоотонӣ раванди қонунии инкишофи ҷомеа дар марҳалаи муосир буда, танҳо ба иттилоот ва дониш асос ёфтааст. Он ба ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ таъсири инқилобӣ мерасонад ва шароити зиндагӣ ва фарҳанги аъзои ҷомеаро тағйир медиҳад. Пешравии ҳар як мамлакат аз марҳалаи саноатӣ ба иттилоотӣ аз рӯйи сатҳи иттилоотонии он муайян мешавад.
Чор инқилоби пештара (хат, чоп, барқ, микропротсессор) дар бахши таърих мондаанд. Инқилоби панҷум ҳоло ҷараён дорад – мо дар вай иштирок мекунем.