Инқилоби иттилоотӣ
Ҳанӯз дар ибтидои тамаддун одамон дар бораи муҳити атроф дониши оддӣ доштанд. Бо рушди ҷомеа донишу малакаҳои шахсӣ ба таҷрибаи умумӣ табдил ёфтанд. Бо ин дониш иттилоотро беҳтар коркард мекарданд ва қарорҳои дурусттар мегирифтанд. Дар ҳар давру замон одамон барои коркарди иттилоот усулҳои гуногун истифода бурдаанд.
Ҳар инқилоби иттилоотӣ ҷомеаро ба сатҳи болотар мебарад ва ба он сифатҳои нав медиҳад. Баъд аз инқилоб марҳалаи нави рушди тамаддун оғоз мешавад: технологияҳои нав бо суръати баланд тараққӣ мекунанд ва зиндагии ҷомеаро куллан тағйир медиҳанд.
Чор инқилоби иттилоотӣ
- 1. Хат – Хат – ҷаҳиши бузурги тамаддун. Бо ноқилони хаттӣ имкон пайдо шуд, ки дониш захира карда шавад ва ба наслҳои оянда расад.
- 2. Чоп (нимаи асри XV) – Дар давраи таҷаддуд (барқароршавӣ) китобчопкунӣ ихтироъ шуд. Нашри китоб фарҳанг ва фаъолияти иттилоотии ҷомеаро ташаккул дод; аз ин рӯ технологияи чопи китобро аввалин технологияи иттилоотӣ меҳисобанд. Арзишҳои фарҳангӣ оммавӣ шуданд.
- 3. Барқ (охири асри XIX) – Ихтирои қувваи барқ телеграф, телефон ва радиоро ба вуҷуд овард. Ҳаҷми калони иттилоотро фавран паҳн кардан ва байни одамон мубодила намудан мумкин шуд. Ин давраро давраи абзори иртиботи иттилоотӣ меноманд.
- 4. Микропротсессор (солҳои 70-уми асри XX) – Микропротсессор ихтироъ ва компютерҳои фардӣ офарида шуданд. Аз воситаҳои механикӣ ва барқӣ ба воситаҳои электронӣ гузаштанд: ҷузъҳои компютер хурд шуданд, дастгоҳҳои бо барнома идорашаванда зудтар рушд карданд. Бар пояи микропротсессорҳо шабакаҳои компютерӣ ва системаҳои интиқоли иттилоот пайдо шуданд.
Наслҳои компютер
Ҷадвал нишон медиҳад, ки пайдоиши компютерҳои навъи нав асосан ба ихтирои ҷузъи пойгоҳии нав вобаста аст.
| Насл | Ҷузъи пойгоҳӣ ва вижагиҳо |
|---|---|
| 1-ум: мобайни солҳои 40 – охири солҳои 50 | Лампаҳои электронӣ. МЭҲ хеле калон буд, қувваи барқро бисёр мегирифт, кораш суст ва эътимодаш паст буд; барномасозӣ бо рамзҳо мешуд. |
| : мобайни солҳои 50 – охири солҳои 60 |