Барнома, скрипт ва блок
Барнома барои идора кардани спрайт таҳия мешавад ва аз маҷмуи скриптҳо иборат аст. Скрипт – барномаи хурде, ки барои коркарди ягон рӯйдод навишта мешавад; он аз якчанд блоки ба ҳам пайванд иборат аст. Шакли блокҳо ва тартиби ҷойгиршавии онҳо дар скрипт хеле муҳим аст: онҳо муайян мекунанд, ки спрайт дар саҳна чӣ кор хоҳад кард. Ба скрипт тавзеҳот (шарҳ) низ замима кардан мумкин аст – он маънои скриптро шарҳ медиҳад.
Даҳ гурӯҳи палитра
Дар банди Скриптҳо дар қисми болоии палитра 10 зербанд ҳаст. Бо онҳо ба спрайтҳо дастурҳои зарурӣ дода мешавад ва хосиятҳо ва намуди зоҳирии онҳо тағйир дода мешавад.
Ба ҳар як зербанд гурӯҳи блокҳои якҷинса ва амалҳое вобаста карда шудаанд, ки бо онҳо масъалаҳои монанд ҳал мешаванд. Аз ҷумла:
- Рӯйдодҳо – амалҳое, ки ба идоракунии спрайтҳо равона шудаанд (масалан, пахши ягон тугмаи сафҳакалид);
- Идоракунӣ – дастурҳое, ки иҷрои такрории (даврии) амалҳо (сиклҳо) ё иҷрои шартии онҳоро (шоханок) таъмин мекунанд;
- Операторҳо – амалҳое, ки иҷрои онҳо бо мавҷудияти додаҳо вобаста аст: ҷамъ (+), тарҳ (−), зарб (×), тақсим (/), муқоиса (, , ) ва ғайра;
- Ҳаракат – ҷойивазкунӣ ва гардиши спрайт; Намуди зоҳирӣ – костюм ва «гуфтан» (дар ҳамин ҷо блоки «… гуфтан … сония»);
- Садо, Қалам, Додаҳо (тағйирёбандаҳо), Сенсорҳо, Дигар блокҳо.
Саҳна ва координатаҳо
Ҳар як лоиҳаи нав дар соҳаи скриптҳо таҳия мегардад ва бо (спрайт) дар саҳна оғоз меёбад. Маркази саҳна – оғози меҳварҳои ва Координатаҳои нуқтаи дилхоҳи саҳнаро бо гузоштани мушнамо болои он муайян кардан мумкин аст.