Равзанаи виростор
Нишонаи ба кор омода будани виростор – пайдо шудани равзанаи асосии он. Равзана ба чор майдон тақсим шудааст: саҳна, соҳаи спрайтҳо, палитраи блокҳо ва соҳаи скриптҳо. Дар вариантҳои дигари виростор намуди равзана, шумор ва мавқеи майдонҳо метавонанд фарқ кунанд.
- Саҳна барои инъикос намудани лоиҳаҳо хидмат мерасонад: дар он мебинем, ки лоиҳа чӣ тавр кор мекунад, ҷойивазкунӣ ва ҳаракати спрайтҳоро мушоҳида мекунем. Онро барои расмкашӣ ва тағйири замина низ истифода мебаранд.
- Соҳаи спрайтҳо – барои нигоҳ доштани спрайтҳо (персонажҳо) ва объектҳои сохташуда.
- Палитраи блокҳо – махзани блокҳои рангаи гуногун, ки барои сохтани сенарияҳои мавзуӣ ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд. Блокҳои тайёрро барномасозон дар соҳаи скриптҳо ба ҳам пайваст намуда, лоиҳаро амалӣ месозанд.
- Соҳаи скриптҳо – барои сохтани скриптҳои лоиҳа (барномаҳо, сенарияҳо), ки бо онҳо спрайтҳо идора мешаванд; блокҳоро аз палитра мегиранд.
Чор навъи блок
Дар скриптҳои Scratch чор навъи блок истифода мешавад: триггерӣ, дастурӣ, функсиявӣ ва назоратӣ.
- Блокҳои триггерӣ (триггер – амале, ки бо ягон рӯйдод ба вуҷуд меояд) дар барнома маъмулан аз ҳама боло меистанд ва блокҳои пасояндро ба кор ҳидоят мекунанд. Қисми болоии онҳо мудаввар аст. Блокҳои пасоянд вақте иҷро мешаванд, ки рӯйдоди дар триггер нишондодашуда (пахши тугмаи сафҳакалид, муш ё дигар амал) ҳатман рух диҳад. Мисол: «вақте ки байрақ пахш карда шуд».
- Блокҳои дастурӣ (амрӣ) барои амалӣ намудани ин ё он амр (аз ҷониби спрайтҳо) пешбинӣ шудаанд. Қулфакҳои онҳо аз боло фурухамида ва аз поён барҷаста мебошанд. Мисол: «10 қадам бирав».
- Блокҳои функсиявӣ (вазифавӣ) қулфак надоранд: худашон скрипт ташкил дода наметавонанд. Онҳо барои нишон додани қимати бузургиҳо пешбинӣ шуда, ба таркиби дигар блокҳо ҳамчун блоки ёрирасон гузошта мешаванд. Шакли онҳо навъи маълумотро нишон медиҳад: мудаввар – ададҳо ва матн; кунҷдор – шартҳои мантиқӣ, ки қиматашон «ҳа» (дуруст) ё «не» (нодуруст) аст.
- Блокҳои назоратӣ блокҳои таркибианд: дар мобайнашон қулфакҳои махсус ҳастанд, ки дигар блокҳо дар онҳо ҷойгир мешаванд. Аз онҳо дар скриптҳои шартӣ ва даврӣ истифода мебаранд.
Бандҳои Скриптҳо, Костюмҳо, Садоҳо
Дар қисми болоии палитра ба ғайр аз банди Скриптҳо боз ду банд ҳаст: Костюмҳо ва Садоҳо. Бо онҳо намуди зоҳирии спрайтҳоро тағйир додан ва садоҳои гуногун баровардан мумкин аст.
- Костюмҳо (шкафи либосҳо): костюм – расми навбатии спрайт, яке аз намудҳои имконпазири ороиши нави он. Костюмҳо бисёранд, аммо спрайт дар ҳар лаҳза танҳо костюм дорад. Бо иваз кардани костюм намуди спрайт тағйир меёбад. Костюмҳоро эҷод, иваз, таҳрир ва ҳазф кардан мумкин аст – бо виросторони графикӣ.