Давр (сикл)
Баъзан лозим меояд, ки спрайт як амалро такроран якчанд маротиба иҷро кунад. Барои ин блокҳои махсус – «… маротиба такрор кун» (повторить … раз) ва «ҳамеша такрор кун» (повторять всегда) – ҳастанд.
Масалан, скрипти «вақте ки тугмаи → пахш карда шуд → 2 маротиба такрор кун: 10 қадам бирав» спрайтро маҷбур мекунад, ки ду маротиба 10-қадамӣ (ҳамагӣ 20 қадам) ба пеш гузорад.
Агар блоки «… маротиба»-ро бо «ҳамеша такрор кун» иваз кунем, спрайт такрор ба такрор 10-қадамӣ ба пеш мегузарад. Чунин даврро давр бе охир меноманд: ин раванд ҳеҷ гоҳ бе дахолати инсон қатъ нахоҳад шуд.
Давр бо шарт
Иҷрои давриро вобаста ба иҷрои шарт низ ташкил кардан мумкин аст: воридоти шарт ба сохтори даврӣ маънои маҳдудият гузоштанро дорад. Масалан, скрипти «такрор кун, то ки (тугмаи пробел пахш шудааст?): 10 қадам бирав» (дар зери блоки «байрақ») то пахши пробел спрайтро қадам ба қадам мебарад. Блоки «тугмаи пробел пахш шудааст?»-ро аз гурӯҳи Сенсорҳо мегиранд.
Скрипти дигар: аз пахши байрақ оғоз мекунад; спрайт ҳар дафъа 10 қадам гузошта, костюмашро иваз мекунад; ин то расидан ба канори саҳна идома меёбад.