Инқилобҳои иттилоотӣ
Одамон аз ибтидои тамаддун дар бораи идоракунии объектҳои муҳити атроф дониши муайяне доштанд. Бо рушди ҷомеа донишу малакаҳои фардӣ ба донишу таҷрибаҳои сарҷамъӣ табдил ёфтанд. Коркарди иттилоот ва қабули қарорҳо қадам ба қадам беҳтар шуда, ба фарҳанги башарӣ табдил ёфт.
Инқилоби якуми иттилоотӣ ба ихтирои хат марбут буда, тарзи захирасозӣ ва расонидани донишро куллан тағйир додааст. Инқилоби дуюмро, ки бо технологияи китобчопкунӣ (нимаи асри XVI) алоқаманд аст, яке аз аввалин технологияҳои иттилоотӣ меҳисобанд.
Инқилоби сеюм ба ихтирои барқ (охири асри XIX) вобаста буда, ҳамчун давраи зуҳури воситаҳои иртиботи иттилоотӣ машҳур гаштааст. Инқилоби чорум ба технологияи микропротсессорӣ (солҳои 70-уми асри XX) ва ихтирои компютерҳои фардӣ марбут аст. Ин инқилоб тамаддуни башариро ба ҳолати гузариш аз марҳалаи рушди саноатӣ ба марҳалаи иттилоотӣ овард. Раванди иттилоотонии ҷомеа бошад қисми пойгоҳии инқилоби панҷуми иттилоотиро ташкил медиҳад.
Ҷомеаи саноатӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ
Ҷомеаи саноатӣ рушди саноат, такмили воситаҳои истеҳсолот, тақвияти низоми захирасозӣ ва назорати сармояро ҳадаф қарор медиҳад. Дар ин ҷомеа нақши асосиро навсозии истеҳсолот (инноватсия) мебозад.
Дар ҷомеаи иттилоотӣ мақсади фаъолияти ҳам шахси алоҳида ва ҳам гурӯҳи одамон – самаранок истифода бурдани иттилоот аст. Ҳар амал ба ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот, таҳлили натиҷаҳо ва қабули қарор вобаста мешавад. Истифодаи компютер дар ҳамаи соҳаҳо дастрасӣ ба манбаъҳои боэътимоди иттилоотро таъмин мекунад. Дар ин ҷомеа на танҳо тарзи истеҳсолот, балки системаи арзишҳо низ дигаргун мешавад ва талабот ба дониш меафзояд.
Иттилоотонӣ ва фарҳанги иттилоотӣ
Иттилоотонӣ раванди қонунии инкишофи ҷомеа буда, танҳо ба иттилоот ва дониш асос ёфтааст. Раванди иттилоотонии ҷомеа қисми пойгоҳии инқилоби панҷуми иттилоотиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ниҳоии раванди иттилоотонӣ – бунёди ҷомеаи иттилоотӣ мебошад.
Дар шароити нав ҳар як нафар аз иттилооте вобаста аст, ки дигарон ба даст овардаанд. Аз ин рӯ инсон бояд сатҳи муайяни фарҳанги кор бо иттилоот, яъне фарҳанги иттилоотӣ дошта бошад.
Фарҳанги иттилоотӣ ба табиати иҷтимоии инсон алоқаманд буда, иҷрои амалҳои зеринро тақозо менамояд:
- истифодаи дурусти таҷҳизоти техникӣ, аз телефони ҳамроҳ то компютери фардӣ ва шабакаҳои компютерӣ;
- қобилияти истифодаи кулли технологияҳои иттилоотӣ;
- маҳорати аз манбаъҳо ҷудо карда тавонистани иттилооти зарурӣ;
- донистани асосҳои таҳлилии коркарди иттилоот.
Омили асосии рушди фарҳанги иттилоотӣ низоми маориф буда, нишондиҳандаи муҳимми он барои муҳити иттилоотии Тоҷикистон донистани забонҳои англисӣ, русӣ ва хитойӣ ба ҳисоб меравад.