Технологияҳои моддӣ ва иттилоотӣ
Равандҳои иттилоотӣ ба воситаи технологияҳое пеш мераванд, ки онҳоро технологияҳои иттилоотӣ мегӯянд. Мафҳуми «технологияи иттилоотӣ» (ТИ) ҳамрадифи мафҳуми англисии «information technology» (IT) мебошад. Технологияи иттилоотиро технологияи компютерӣ низ мегӯянд. Калимаи юнонии «techne» маънои маҳорат, санъат, тавоноӣ, уҳдабароӣ ва кордониро дорад.
Технологияҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: моддӣ ва иттилоотӣ. Онҳо ба ҳамдигар ҳам монанданд, ҳам фарқ доранд:
Технологияи истеҳсолоти моддӣ – равандест, ки тавассути маҷмуи воситаҳо ва усулҳои коркарду истеҳсол вазъ, хосиятҳо ва шакли захираҳоро тағйир дода, онҳоро ба маҳсулоти моддӣ табдил медиҳад. Он сифат ва вазъи аввалаи модда, захира ё маводро дигаргун месозад.
Иттилоот яке аз арзишмандтарин захираҳои ҷомеа аст ва дар қатори пурбаҳотарин захираҳои табиӣ – нафт, газ ва дигар канданиҳои фоиданок меистад. Аз ин рӯ раванди коркарди иттилоотро ҳам технология мегӯянд.
Ҳадафи технологияи истеҳсолоти моддӣ – истеҳсоли маҳсулоти моддӣ барои қонеъ гардонидани талаботи инсон аст. Ҳадафи технологияи иттилоотӣ бошад – истеҳсоли иттилоотест, ки дар асоси он қарорҳои идоракунӣ қабул карда мешаванд.
Шаш марҳалаи рушди технологияҳои иттилоотӣ
Давраҳои рушди технологияҳои иттилоотиро шартан ба шаш марҳала тақсим мекунанд:
- Марҳалаи 1-ум (то нимаи дуюми асри XIX) – технологияи иттилоотии «дастӣ». Сахтафзорҳои ин марҳала – қалам, рангдон, китоб, воситаҳои ҳисоббарори одитарини дастӣ.
- Марҳалаи 2-юм (аз охири асри XIX то солҳои 40-уми асри XX) – технологияи «механикӣ». Сахтафзорҳои ин марҳала – мошини чопкунии механикӣ, фонограф, арифмометр, телеграф, телефон, диктофон, воситаҳои почтавӣ.
- Марҳалаи 3-юм (аз солҳои 40-ум то 60-уми асри XX) – технологияи иттилоотии «барқӣ». Сахтафзорҳои ин марҳала – мошинҳои электронии ҳисоббарори (МЭҲ) лампавӣ ва нармафзорҳои (таъминоти барномавии) ба онҳо мувофиқ, мошинҳои чопкунии барқӣ, телетайпҳо (телексҳо), дастгоҳҳои нусхабардорӣ (ксероксӣ), диктофон, магнитофонҳои портативӣ.
- Марҳалаи 4-ум (солҳои 70-ум ва мобайни солҳои 80-уми асри XX) – технологияи иттилоотии «электронӣ». Сахтафзорҳои ин марҳала – мошинҳои электронии ҳисоббарори калон ва бар пояи онҳо офарида шудани системаҳои худкори идоракунӣ ва системаҳои иттилоотӣ-ҷустуҷӯйӣ бо маҷмуи васеи барномаҳои пойгоҳӣ (системавӣ) ва махсусгардонидашуда.
- Марҳалаи 5-ум (аз миёнаи солҳои 80-уми асри XX) – технологияи иттилоотии нави «компютерӣ». Сахтафзорҳои ин марҳала – компютерҳои фардӣ ва маҷмуи васеи маҳсулоти барномавии стандартӣ ва фармоишии таъиноташон гуногун.
- Марҳалаи 6-ум (аз миёнаи солҳои 90-уми асри XX) – технологияи навини «Internet/Intranet». Сахтафзорҳои ин марҳала – системаҳои компютерӣ бо вақти тақсимшуда, шабакаҳои компютерии маҳаллӣ, минтақавӣ ва саросарӣ.