Ба вазъияти боло баргардем: агар шумо хабари боронро аллакай медонистед, он барои шумо нав нест ва номуайянии дониши шуморо кам намекунад.
Хосиятҳои иттилоот
Ин таъриф на танҳо ба ашё, балки ба шахс, ҳодиса, рӯйдод ва ҳама гуна объектҳои муҳити атроф дахл дорад. Дар ҳама маврид иттилоот бояд саҳеҳ, мукаммал, муҳим, рӯзмарра, дастрас ва кӯтоҳ бошад, ки ин тавсифҳоро хосиятҳои иттилоот мегӯянд.
Масалан, ҷадвали дарсҳои соли гузашта шояд саҳеҳ бошад, вале имсол он рӯзмарра нест.
Равандҳои иттилоотӣ
Мафҳуми иттилоот пеш аз ҳама бо амалҳои дарёфт, қабул, гирдоварӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода алоқаманд аст. Маҷмуи ин амалҳоро равандҳои иттилоотӣ мегӯянд. Равандҳои иттилоотӣ ҳам дар олами зинда, ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар техника рух медиҳанд.
Баъзе намудҳои иттилоотро мо аз китобҳои дарсӣ, маҷаллаҳо, намоишҳои телевизионӣ ва умуман аз муҳити атроф пайдо мекунем. Ин иттилоотро бо тарзи шифоҳӣ, хаттӣ, имову ишора, бо ёрии аломатҳо ё компютер аз нав кор карда баромадан ва интиқол додан мумкин аст. Имрӯз бо ёрии компютер бештар иттилооти ададӣ, матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, видеоӣ, аниматсионӣ ва чандрасонаӣ-ро қабул, коркард ва паҳн менамоянд.
мисол: аз ҳарорати ҳаррӯза тайёр кардани пешгӯии обу ҳаво
Номи фанни «Технологияи иттилоотӣ» бо мазмуни ду мафҳум – «технология» ва «иттилоот» – сахт алоқаманд аст: он тарзу усулҳои гуногуни дарёфт, нигаҳдошт, коркард ва паҳн намудани иттилоотро дар назар дорад. Аз ин рӯ технологияҳои иттилоотиро технологияҳои компютерӣ низ мегӯянд.
Дониш
Ҳангоми омӯзиши муҳити атроф миқдори иттилооти мо дар бораи ашё, ҳолат ва хосиятҳои он тағйир меёбад. Агар он зиёд шавад, дониши мо низ дар бораи он ашё меафзояд. Дониш ба одамон имкон медиҳад, ки фаъолияти худро дуруст ва самаранок ташкил намоянд.
Инсон иттилооти худро дар майнаи сар ба як тартиби муайян (низом) меорад. Донише, ки аз иттилооти дақиқ ба даст омадааст, дар ҳалли ҳар масъалае, ки ба он ашё дахл дорад, ба кор меояд.
Фарқи асосии байни дониш ва маълумоти одӣ дар он аст, ки дониш сохтори муайяни танзимшаванда дошта, ҳамеша фаъол аст, аммо маълумот ин хосиятҳоро надорад.
Инсон донишашро на танҳо дар майна нигоҳ медорад: онро бо аломатҳо, нишонаҳо, образҳо қайд карда, ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Ҳар китобе, ки шумо мехонед, низ ҳамин тавр пайдо шудааст.
Се мафҳум бо ҳам алоқаманданд
Байни иттилоот, технология ва дониш вобастагии зич вуҷуд дорад. Ҳангоми дарёфти иттилооти нав дониши мо зиёд мегардад. Донишро дар кор истифода бурда, мо технологияро мукаммал мегардонем. Натиҷаҳои технология донишҳои навро ба вуҷуд меоранд ва ин донишҳо дар шакли иттилоот боз ба тамоми инсоният дастрас мешаванд.
Акнун татбиқи амалии мафҳумҳои иттилоот, технология ва донишро дар мисоли раванди аз тахтаи синф кӯчонидани иттилооти дарсӣ дида мебароем:
Луғат: Технология – раванд, санъат, маҳорат, фановарӣ.
Ба қуттиҳо ҷудо кунедсанҷида бин!
Кор дар синф
Машқҳо
Саволҳо
Ба саволҳои зерин ҷавоб гӯед:
Иттилоот чист? Технология чӣ? Дониш чӣ?
Дониш ва иттилоот чӣ гуна вобастагӣ доранд? Дониш ва технология чӣ?
Иттилоотро чӣ тавр дарёфт кардан ва истифода бурдан мумкин аст?
Фарқи байни технологияи иттилоотӣ аз технологияи истеҳсолӣ дар чист?