Дониш – захираи иттилоотӣ
Ҳангоми ҳалли масъалаҳои гуногун одамон аз захираҳои иттилоотӣ (дониш) истифода мебаранд. Агар ягон рӯйдод, ҳодиса ё объект ҳар қадар пурратар омӯхта шуда бошад, ҳалли масъалаи ба он дахлдор ҳамон қадар осонтар мешавад.
Масалан, донистани тарзи истифодаи чор амали арифметикӣ имкон медиҳад, ки қимати ифодаи арифметикии дилхоҳ ҳисоб карда шавад. Барои аз як забон ба забони дигар тарҷума кардани матн донистани калимаҳо ва қоидаҳои грамматикии ҳарду забон лозим аст.
Дар ҳар ду маврид ба ғайр аз ному аломатҳо қоидаҳои иҷрои амалҳо низ лозиманд. Ин қоидаҳо тули солҳои дароз истифода шуда, ба дониш табдил ёфтаанд. Онҳо дар хотираи одамон, дар китобҳо ва дигар барандагони иттилоот нигоҳ дошта шуда, аз насл ба насл мегузаранд.
Миқдори иттилоот
Миқдори иттилооте, ки аз ягон манбаъ мегирем, барои ҳар кас инфиродӣ (алоҳида) аст. Он аз он вобаста аст, ки маълумот барои шумо чӣ қадар нав, муҳим, мукаммал, рӯзмарра, шавқовар ва саҳеҳ аст. Аз ин рӯ як манбаъ ба гурӯҳи одамон ҳеҷ гоҳ миқдори яксони иттилоот намедиҳад.
Масалан, аз як намоиши телевизионӣ ё хабари радио ҳар кас барои худ миқдори муайяни иттилоот мегирад. Аз як мақолаи рӯзнома яке иттилооти зиёд мегирад, дигаре ҳеҷ. Чаро? Чунки то хондани мақола дониши онҳо дар сатҳҳои гуногун буд.
Дар натиҷаи дарёфти иттилооти зарурӣ номуайяниҳои зеҳнӣ (нопуррагии дониш) ҳатман кам мешаванд:
- агар номуайяниҳо пурра аз байн раванд, мегӯянд, ки иттилооти мукаммал дастрас карда шудааст – дигар иттилооти изофӣ лозим нест;
- агар номуайяниҳо боқӣ монанд (маълумот нав набошад ё ба масъала дахл надошта бошад), мегӯянд, ки ягон миқдор иттилоот гирифта нашудааст.
Миқдори иттилооти дар хабар (маълумот) маҳфузро андозаи (ҳаҷми) иттилоот меноманд, ки он аз дараҷаи нав ва сатҳи шавқовар будани иттилоот барои қабулкунандааш вобаста мебошад.
Ба вазъияти боло баргардем: шумо иттилооти бештар гирифтед, чунки мақола барои шумо нав буд. Барои дӯстатон он нав набуд.
Рамзбандӣ
Барои андозагирии компютерии иттилоот онро дар шакли мувофиқ тасвир кардан лозим меояд. Раванди шаклгирии тасвири иттилоотро рамзбандӣ мегӯянд. Одатан рамзбандӣ гузариш аз як тарзи тасвир ба тарзи дигар аст, ки барои нигаҳдорӣ, интиқол, ҳифз ва коркарди иттилоот созгортар мебошад.
Компютер танҳо иттилоотеро кор карда мебарорад, ки дар шакли рақамӣ тасвир шудааст. Садо, наво, матн, график, расм, нишондоди афзор ва ғайра пеш аз коркард ҳатман ба шакли рақамӣ табдил дода мешаванд. Компютер ҳар гуна иттилоотро бо пайдарпайии ду рақами дуӣ – сифр (0) ва як (1) тасвир менамояд. Ин рақамҳоро бит (binary digit – bit) мегӯянд.
Дар асл компютер ҳамчун воситаи техникӣ на бо рақамҳо, балки бо ҷараёни электрикӣ кор мекунад. Дар ноқилҳои компютер шиддати ҷараён ё ҳаст, ё нест. Барои осонӣ мавҷуд будани шиддатро бо рақами 1 ва мавҷуд набудани онро бо рақами 0 ишорат мекунанд.