Давр чист?
Давр (сикл) – механизм, ки блоки муайяни сатрҳоро якчанд маротиба иҷро мекунад. Сатрҳои такроршаванда – тани давр. Дар Python ду давр ҳаст: for ва while.
for– вақте ки шумораи такрорҳо пешакӣ маълум аст: аз рӯйхат, сатр,range-и ададҳо.while– то даме ки шарт ҳақ аст; шумораи такрорҳо пешакӣ маълум нест.
Шарти пешоянд ва пасоянд
Дар назария ду намуди давр ҳаст. Дар давр бо шарти пешоянд аввал шарт санҷида мешавад, баъд тани давр иҷро мешавад (ҳатто як маротиба иҷро нашуданаш мумкин). Дар давр бо шарти пасоянд аввал тан иҷро мешавад, баъд шарт санҷида мешавад (камаш як маротиба иҷро мешавад).
while – давр бо шарти пешоянд. Python давр бо шарти пасоянд (do–while) надорад; онро бо while True: ва break месозанд (дар поён).
Идоракунии давр: break, continue, else
break– давр фавран қатъ мешавад.continue– ба оғози такрори навбатӣ мегузарем (боқимондаи тан гузашта мешавад).else– бахши иловагӣ: иҷро мешавад, агар давр беbreakба охир расида бошад.
Мисоли 1. for ва break
Рӯйхатро чоп мекунем то вохӯрдани ададе, ки аз 7 калон аст:
Натиҷа:
Дар 8 давр қатъ шуд; 8 чоп нашуд. Қадамҳои як рӯйхати хурд: