Оператори шохавӣ
Барои алгоритмҳои шохавӣ (шартӣ) оператори шохавиро истифода мебаранд. Шохаҳо метавонанд зиёд бошанд, вале аз ҳама бештар пурра (ду шоха, if–else) ва нопурра (як шоха, if) мешаванд.
Шохаи пурра
Агар шарт True бошад, амали 1 иҷро мешавад, вагарна – амали 2. Пас аз if шарт ва else ду нуқта (:) меояд; амалҳо бо сархат (4 фосила) навишта мешаванд.
Мисоли 1. Шарти 1 (ҳамеша ҳақ):
Натиҷа:
Дар Python X = A if C else B – шакли кӯтоҳи шохаи пурра: агар C ҳақ бошад, X = A, вагарна X = B.
Натиҷа:
Шохаи нопурра
Агар шарт True бошад, амал иҷро мешавад, вагарна ҳеҷ чиз.
Мисоли 2.
Натиҷа:
if–elif–else
Вақте шарт ду ва зиёд аст, шакли умумӣ истифода мешавад:
Бахши elif метавонад якчанд маротиба такрор шавад, else – лозим набошад. Пас шохаи пурра ва нопурра – ҳолатҳои хусусии шакли умумӣ. Шартҳо аз боло ба поён санҷида мешаванд ва танҳо аввалинаш, ки ҳақ аст, иҷро мешавад.
Мисоли 3. Адад хурд (< −5), миёна (аз −5 то 5) ё калон?
Барои a = 3 барнома ба ин тартиб кор мекунад: ҷадвалро худатон пур кунед.