Ҳангоми ҳисоб тарафҳоро бо як воҳид ифода кунед: 1 дм = 10 см, 1 см = 10 мм, 1 м = 100 см.
Такрори синфи 5 · 5/5. Кунҷҳо, шаклҳо, периметр ва масоҳат
1 соат
- Назария
- Дарси 6 аз 6
- Хониш: 8 дақиқа
- Саволҳо: 5
1 соат
Ҳангоми ҳисоб тарафҳоро бо як воҳид ифода кунед: 1 дм = 10 см, 1 см = 10 мм, 1 м = 100 см.
Саволҳоро баррасӣ кунед ва қайд намоед, ки дар 10 дақиқа чандто супоришро иҷро карда тавонистед.
1. Намуди кунҷҳоро нависед.
2. Номи шаклҳоро нависед.
3. Намуди секунҷаҳоро муайян кунед.
4. Периметри шаклҳои додашударо ҳисоб кунед (андозаи тарафҳо дар расм нишон дода шудааст).
Бо ҳамсояатон ҷавобҳои якдигарро тафтиш ва муқоиса кунед; ҷавобҳои нодуруст ва супоришҳои иҷронашударо қайд намоед. Ҷавобҳои дурустро омӯзгор мегӯяд.
5. Варақи коғаз шакли квадратро дорад, ки тарафи он ба 10 см баробар аст. Периметр ва масоҳати варақро ёбед.
6. Майдон шакли квадратро дорад. Дарозии девори атрофи майдон ба 120 м баробар аст. Масоҳати ин майдонро ёбед.
7. Масоҳати росткунҷаро бо тарафҳои ва ёбед, агар:
8. Масоҳати секунҷаи росткунҷаро ёбед, агар тарафҳои кунҷи ростро ташкилдиҳанда ва бошанд:
9. Як тарафи росткунҷа ба 12 см баробар аст, тарафи дигараш аз он 3 маротиба дарозтар аст. Масоҳати росткунҷаро ҳисоб кунед.
10. Периметри росткунҷа ба 148 дм ва дарозии як тарафи он ба 51 дм баробар аст. Паҳноии росткунҷаро ва масоҳатро ёбед.
11. Бо метр ифода кунед (дар шакли касри даҳӣ):
Аз рӯйи натиҷаи машқҳо худро арзёбӣ кунед: он чиро, ки медонед, бо ✓, он чиро, ки боз такрор кардан лозим аст, бо ± ё ✗ қайд намоед.
Ман медонам:
Ман метавонам:
Ман мефаҳмам:
Дар кадом самтҳо ба мушкилӣ дучор шудед? Аз омӯзгор ёрӣ пурсед.
Кунҷи кадом намудро дорад?