Такрори синфи 5 · 4/5. Ифодаҳо ва муодилаҳо
1 соат
- Назария
- Дарси 5 аз 6
- Хониш: 10 дақиқа
- Саволҳо: 5
1 соат
Саволҳоро баррасӣ кунед ва қайд намоед, ки дар 10 дақиқа чандто супоришро иҷро карда тавонистед.
1. Дар ҳар як ифода ҳарфро ёбед ва дар дафтари худ дар зери он хат кашед:
2. Қимати ифодаро ёбед:
3. Ҳангоми зиёд шудани қимати ифода чӣ тавр тағйир меёбад? Ифодаи -ро ҳисоб кунед, агар бошад.
4. Барои ибораҳои додашуда ифодаи ҳарфӣ тартиб диҳед:
5. Доир ба вазъиятҳои зерин ифодаи ҳарфӣ тартиб диҳед:
Бо ҳамсояатон ҷавобҳои якдигарро тафтиш ва муқоиса кунед; ҷавобҳои нодуруст ва супоришҳои иҷронашударо қайд намоед. Ҷавобҳои дурустро омӯзгор мегӯяд.
6. Дар масъалаҳои зерин маълум ва номаълумро нишон диҳед:
7. Дар асоси масъалаи зерин муодила тартиб диҳед. Қоидаеро, ки дар ин фасл омӯхтед, пайгирӣ кунед. Ҳалли худро санҷед.
Парвина барои харидани китоб 17 сомонӣ сарф кард ва боз 3 сомонӣ дар дасташ монд. Парвина дар аввал чанд сомонӣ дошт?
Маълум, номаълум ва муодиларо нависед. Кадом ҷузъ номаълум аст? Зери ҷузъи номаълум хат кашед: ҷамъшаванда, тарҳшаванда, тарҳкунанда, зарбшаванда, тақсимшаванда, тақсимкунанда.
8. Муодиларо ҳал кунед ва ҳалро санҷед:
9. Аз рӯйи вазъият муодила тартиб дода, онро ҳал кунед. Дурустии ҳалро санҷед. Ҷавобро нависед.
Дар истироҳатгоҳ 124 нафар хонанда истироҳат мекард. Аз ин шумора 89 нафарро писарон ташкил медиҳанд. Духтарон чанд нафаранд?
10. Вобастагиро нависед. Нархи як машқи шиноварӣ 25 сомонӣ аст. Нархи умумиро ҳисоб кунед:
Аз рӯйи натиҷаи машқҳо худро арзёбӣ кунед: он чиро, ки медонед, бо ✓, он чиро, ки боз такрор кардан лозим аст, бо ± ё ✗ қайд намоед.
Ман медонам:
Ман метавонам:
Ман мефаҳмам:
Дар кадом самтҳо ба мушкилӣ дучор шудед? Аз омӯзгор ёрӣ пурсед.
Қимати ифодаи -ро ёбед, агар бошад.
Муодиларо ҳал кунед: .
Ба адади номаълуми адади 12-ро илова карданд ва 30 ҳосил шуд. Муодиларо нависед (масалан: x + 5 = 9).
Кадом ифода «аз 7 зиёд» -ро ифода мекунад?