Барномаи MS PowerPoint
MS PowerPoint – маҳсули ширкати Microsoft ва аз дастаи барномаҳои Microsoft Office. Он яке аз нармафзорҳои муосир ва мукаммал барои сохтани намоиш, баромад ва слайд-филмҳо мебошад. Дар ин дарс нусхаи PowerPoint 2010-ро меомӯзем; номҳои фармонҳоро бо забони тоҷикӣ ва дар қавс бо номи русии онҳо менависем, чунки дар компютерҳои мактаб барнома аксар вақт ба русӣ аст.
Се тарзи ба кор даровардан
Пас аз оғоз равзанаи асосӣ пайдо мешавад ва рӯнамои нав бо номи «Рӯнамо1» (Презентация1) ва слайди холии якум намудор мегардад.
Равзанаи PowerPoint ва қисмҳои он
Равзанаи PowerPoint мисли дигар барномаҳои Microsoft сохта шудааст. Он аз ин қисмҳо иборат аст: сатри сарлавҳа, сатри меню, тасмаи афзорҳо, майдони корӣ, соҳаи слайдҳо, майдончаи қайдҳо, лавҳаи ҳолатнамо ва афзори миқёсгирӣ.
Меню ва тасма
Меню нуҳ банди доимӣ дорад. Ҳар банд ба як гурӯҳи амалҳо вобаста аст: бо пахши банд тасмаи афзорҳои поёни меню тағйир меёбад.
| Банд | Барои чӣ |
|---|---|
| Парванда | сохтан, кушодан, нигаҳдорӣ, чоп, интихобҳо |
| Асосӣ | слайди нав, буфери мубодила, ҳуруф, сархат |
| Ҷогузорӣ | ҷадвал, расм, диаграмма, SmartArt, сарсафҳа ва посафҳа |
| Тазйин (Дизайн) | саҳифа, мавзуъ, рангҳо, ҳуруфҳо, замина |
| Гузаришҳо (Переходы) | гузариши як слайд ба дигаре |