Барои чӣ экрани компютер кифоя нест?
Бо экрани компютер ба як гурӯҳи хурди шунавандагон маводи илмӣ ва таълимиро нишон додан мумкин аст. Аммо барои гурӯҳи калон – лексия, маърӯзаи илмӣ дар конфронс, лоиҳа дар семинар – экрани компютер хурд аст. Дар чунин ҷойҳо ба компютер проектори электронӣ васл мекунанд: он тасвири экранро якчанд маротиба калон мекунад ва ба экрани калон меандозад.
Имрӯз қариб ҳамаи синфхонаҳои компютерӣ, толорҳои лексионӣ, маҷлисгоҳҳо ва намоишгоҳҳо пешакӣ бо тахта, экран ва проектор муҷаҳҳаз шудаанд. Аммо барои он ки маърӯза дастрас, фаҳмо ва шавқовар шавад, онро бо барномаҳои махсус тайёр мекунанд. Синфи чунин барномаҳоро виросторони рӯнамосоз меноманд.
Виростори рӯнамосоз
Рӯнамосозӣ яке аз воситаҳои асосии маркетинг ва рекламаи ҷаҳони муосир аст. Бо он корхонаи нав аз фаъолияти худ нақл мекунад, ширкати сайёҳӣ хидматҳояшро нишон медиҳад, мактаб тарзи таҳсилро муаррифӣ мекунад.
Барномаҳои рӯнамосоз санадҳоеро, ки дар барномаҳои дигар сохта шудаанд – матн, расм, ҷадвал, формула, суруд ва мусиқӣ – дар як намоиш муттаҳид мекунанд. Онҳо дар муҳити системаҳои амалиётии гуногун, масалан Windows ва Linux, кор мекунанд. Барои сохтани намоиш қолабҳои тайёр ва мавзуъҳои пешакӣ сохташуда ҳастанд, ва ба ҳар слайд овоз ва аниматсия илова кардан мумкин аст. Намоишро тавассути интернет ба дигарон фиристодан низ мумкин аст.
Барномаҳои рӯнамосоз чӣ кор мекунанд
Рӯнамо чӣ хосиятҳо дорад
- аз маҷмуи слайдҳо иборат аст;
- слайдҳоро бо ёрии «моҳири рӯнамосоз» худкор месозанд;
- андоза ва тамоюли слайдҳо тавассути параметрҳои соҳаи корӣ муайян мешавад;
- ба слайдҳо хусусиятҳои намоишӣ вобастаанд;
- бо мавзуъҳо рангҳо, заминаҳо ва ҳуруфи слайдҳоро тағйир медиҳанд;
- ҷойгиркунии иттилоот дар слайд муайян мешавад: сарлавҳа, матн, расм, ҷадвал, навиштаҷот;
- ба слайдҳо аниматсия, овоз, намудоршавӣ ва хомӯшшавӣ илова мекунанд.
Мафҳумҳои калидӣ
| Мафҳум | Маъно |
|---|---|
| Рӯнамо (презентация) | маҷмуи слайдҳо, воситаҳои пешниҳод, маводди тақсимшаванда, матни лексияҳо ва нақшаи баромад дар бораи як мавзуъ, ки дар як парванда нигоҳ дошта мешаванд |