Қоидаи умумӣ
Амалҳои арифметикӣ дар ҳамаи системаҳои мавқеӣ аз рӯйи қоидаҳои якхела иҷро мешаванд. Мо онҳоро барои системаи дуӣ мебинем.
Амали ҷамъ
Асоси ҷамъ – ҷадвали ҷамъи ададҳои якразрядаи дуӣ. Ҳангоми ҷамъи разряд пур мешавад ва ба разряди болоӣ гузариш рух медиҳад. Разряд ҳамеша вақте пур мешавад, ки бузургии адад ба асоси система баробар ё аз он калон бошад.
Ададҳои бисёрразрядаро аз рӯйи ҳамин ҷадвал, бо ҳисоби гузаришҳо аз разрядҳои поёнӣ ба болоӣ, ҷамъ мекунанд. Масалан, :