Рамзбандии рақамии иттилоот
Раванди шаклгирии тарзи муайяни тасвири иттилоотро рамзбандӣ (рамзсозӣ, кодиронӣ) мегӯянд. Одатан бо ин калима гузаштан аз як тарзи тасвир ба тарзи дигарро мефаҳманд, ки барои нигаҳдорӣ, интиқол, ҳифз ва коркарди созгортари иттилоот равона шудааст.
Компютер танҳо иттилоотеро коркард мекунад, ки дар шакли рақамӣ тасвир шудааст. Намудҳои дигар – садо, наво, матн, расм, нишондоди асбобҳо – пеш аз коркард ба шакли рақамӣ табдил дода мешаванд.
- Мусиқӣ. Дар фосилаҳои хурди вақт баландию пастии садоро чен мекунанд ва натиҷаҳоро ҳамчун ададҳо сабт мекунанд. Барнома аз ин ададҳо садои мусиқиро аз нав месозад, ва шумо онро бо баландгӯякҳо мешунавед.
- Матн. Ҳар аломат (ҳарф, рақам, аломати китобат) бо ягон адади муайян – пайдарпайии рақамҳои дуӣ – сабт мешавад. Ҳангоми намоиш дар экран ё чопгар аз рӯйи рамз тасвири аломат сохта мешавад. Ин мувофиқатгузории байни аломатҳо ва ададҳо рамзсозӣ номида мешавад.
- Ададҳо. Мо онҳоро одатан менависем, вале дар компютер онҳо бо рақамҳои сифр ва як (0, 1) тасвир мешаванд. Ин рақамҳо пояи системаи ҳисоби дуӣ мебошанд. Компютер асосан дар асоси ҳамин система кор мекунад, зеро таҷҳизоти коркарди иттилоот дар ин ҳол хеле содда мешавад. Ҳамаи табдилҳоро (рамзбандӣ ва рамзкушоӣ) барномаҳои компютерӣ ба зимма мегиранд.
Андозагирии иттилоот
Одамон масъалаҳоро аз рӯйи иттилооти доштаашон ҳал мекунанд. Ҳар қадар рӯйдод хубтар ва пурратар омӯхта шуда бошад, ҳалли масъалаи марбут ба он осонтар аст. Масалан, донистани қонунҳои физика имкон медиҳад, ки асбобҳои мураккаби техникӣ созем; барои тарҷумаи матн ба забони дигар қоидаҳои грамматикӣ ва миқдори муайяни калимаҳои он забонҳоро донистан лозим аст.
Аз як мақолаи рӯзнома як нафар метавонад иттилооти бисёр гирад, нафари дигар – ҳеҷ. Дуюм аз хондани мақола ба маълумоти худ чизи нав илова карда натавонист, зеро донишаш оид ба ин хабар то чоп шудан дар сатҳи дигар буд. Баъзан шахс аз шунидани маълумоти бисёр (масалан, дарси нав) амалан иттилоот намегирад, зеро мавзуъ барои ӯ шавқовар набуд.
Ҳамин тавр, миқдори иттилооти хабар ба дараҷаи навӣ ва шавқоварии он барои қабулкунанда вобаста аст. Бо гирифтани иттилооти зарурӣ номуайянӣ (нопуррагии дониш) дар масъалаи барои мо шавқовар кам мешавад. Агар пас аз маълумоти нав масъала пурра равшан шавад (номуайянӣ гум шавад), мегӯянд: иттилооти мукаммал гирифта шуд ва ба иттилооти иловагӣ ниёз нест. Агар номуайянӣ боқӣ монад (маълумот нав набуд ё ба масъала дахл надошт), мегӯянд: ягон миқдор иттилоот гирифта нашуд.
Тангаро мепартоем ва мебинем, бо кадом тараф ба замин меафтад. Ҳар ду тараф имконияти якхела доранд, бинобар ин эҳтимолияти афтидани ҳам ин тараф, ҳам он тараф баробар аст. Дар ин ҳол мегӯянд: ҳодиса як бит иттилоот дорад. Айнан ҳамин тавр, агар аз байни ду саққои рангҳои гуногун, ки дар қуттӣ пинҳон шудаанд, надида яке гирем, мо иттилооти оид ба ранги саққо ба 1 бит баробар мегирем.