Мафҳуми иттилоот
Иттилоот мафҳуми хеле васеъ аст. Дар охири асри гузашта ин калима ҳамчун синоними калимаи байналмилалии информатсия ба забони муосири тоҷикӣ устуворона даромад. «Информатсия» аз калимаи лотинии informatio омадааст ва маънояш: маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ. «Иттилоот» калимаи арабӣ аст. Калимаҳои арабиасоси «хабар», «ахбор», «маълумот» баъзе паҳлуҳои ҳамин мафҳумро мефаҳмонанд. Сигнали датчик ё бӯйи таомро низ иттилоот гуфтан мумкин аст.
Одамон иттилоотро ба ҳамдигар шифоҳӣ, хаттӣ, бо имову ишора ё бо аломат мерасонанд. Инсон ҳар иттилоотро аввал худаш дарк мекунад, баъд ба дигарон мерасонад.
Мо иттилоотро аз китобҳои таълимию илмӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, намоишномаҳои телевизионӣ ва кинофилмҳо мегирем ва дар дафтар ё конспект қайд мекунем. Дар кор иттилоотро дар намуди матн, нақша, маълумотнома, ҳисобот, ҷадвал ва ҳуҷҷатҳои дигар сабт ё интиқол медиҳем. Чунин иттилоотро бо компютер низ сабт, коркард ва интиқол додан мумкин аст.
Иттилоот ҳамеша маълумот дар бораи ягон шахс ё чиз аст. Он ҳодисаҳои рӯйдода ё рӯйдиҳандаро инъикос мекунад: чӣ кор кардаем дирӯз ё пагоҳ чӣ кор мекунем – инҳо низ иттилооданд. Иттилоот ҳатман дар шакли мушаххас сабт ё тасвир мешавад: ҳикоя, расм, мақола, шеър. Асарҳои мусиқӣ ва тасвирӣ, китобу маҷаллаҳо, намоишномаву кинофилмҳо – шаклҳои гуногуни тасвири иттилоотанд.
Иттилоот дар ҳар шакле ки тасвир ёфта бошад, инъикоси дунёи воқеӣ ё хаёлӣ аст. Аз ин рӯ онро ҳамчун инъикоси ҷаҳони моддӣ бо аломатҳо тасвир ва бо сигналҳо ифода кардан мумкин аст. Таърифи мутлақо аниқи иттилоот вуҷуд надорад: ҳамчунон ки дар геометрия «нуқта» ва «ҳамворӣ», дар математика «адад» мафҳумҳои ибтидоианд, дар информатика низ «иттилоот» мафҳуми ибтидоӣ аст.
Иттилоот объекти моддӣ нест
- Вақте иттилоотро аз як ҷой ба ҷойи дигар мефиристанд, он дар ҷойи пешинааш низ мемонад.
- Барои фиристодани иттилоот бояд онро бо ягон барандаи моддӣ тасвир кард.
- Новобаста аз намуди баранда, миқдори иттилооти интиқолёфта тағйир намеёбад.
Се тасвири олам
Инсоният дар таърихи худ чанд инқилоби илмию техникӣ аз сар гузаронд. Ҳар кадом дар камолоти инсон нишони амиқ гузошт:
- асри сангӣ – аввалин олоти меҳнат пайдо шуд ва зиндагии инсон куллан тағйир ёфт;
- асри биринҷӣ – одамон гудохтани филизро (металлро) азхуд карданд, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ такони бузург дод;
- асри чарх – аробаю автомобил пайдо шуд;
- асри барқ – энергияи барқӣ офарида ва истифода шуд;
- асри ҳастаӣ (ядроӣ) – омӯзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ рушд кард.
Ин кашфиётҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллион маротиба осон карданд. Имрӯз мо зуд-зуд дар бораи асри иттилоотӣ сухан меронем.