Информатика чист?
Фанни технологияи иттилоотӣ бо информатика сахт алоқаманд аст. Информатика маҷмуи илмҳоест, ки хосиятҳо ва тарзҳои ғункунӣ, тасвир, коркард ва ирсоли иттилоотро тавассути воситаҳои техникӣ меомӯзанд. Дар мамлакатҳои ғарб, махсусан англисзабон, ба ҷойи «информатика» мегӯянд «computer science» – илми компютерӣ.
Асосҳои назариявии информатикаро гурӯҳи илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ташкил медиҳанд. Онҳоро ҳам ба математика ва ҳам ба кибернетика мансуб донистан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, информатика меъмории компютер, системаҳои амалиётӣ, назарияи махзани маълумот ва технологияи барномасозиро низ меомӯзад.
Дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз фанни техникӣ, ки бо мошинҳои электронии ҳисоббарор маълумотро коркард мекард, ба илми бунёдӣ дар бораи иттилоот ва равандҳои иттилоотӣ табдил ёфт. Ин равандҳо на танҳо дар системаҳои техникӣ, балки дар табиат ва ҷомеа низ ҳастанд.
Сабаби асосии ин муваффақият – иттилоотонии саросарии ҷомеа аст. Он раванди бебозгашт буда, шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият мебошад. Иттилоотонӣ бо худ тараққиёти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад; ин ба ҳаёт, фаъолият, тафаккур ва арзишҳои инсон таъсир мерасонад. Суръат ва доимии ин тағйирот нишон медиҳад, ки асри XXI асри информатика, технология ва ҷомеаи иттилоотӣ хоҳад буд.
Мақсади омӯзиши ТИ
Технологияи иттилоотиро технологияи компютерӣ ё информатикаи татбиқӣ низ меноманд. Онро чунин ҳам таъриф кардан мумкин аст:
ТИ яке аз соҳаҳои тафаккури илмӣ буда, ба воситаи низоми таҳлилии ҳодисаҳои муҳити атроф равандҳои иттилоотии бо суръати баланд вусъатёбандаро меомӯзад ва усулу воситаҳои худкори ғункунӣ, қабулкунӣ, нигаҳдорӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи иттилоотро тавассути техникаи компютерӣ мавриди омӯзиш ва коркард қарор медиҳад.
Ду ҷанби фанни ТИ
Соҳаи таълимии фанни ТИ дар ду ҷанб омӯхта мешавад.
Ҷанбаи якум – системаи иттилоотии тасвири олам ва қонуниятҳои умумии сохт ва тарзи кори системаҳои худидора: биологӣ, ҷамъиятӣ ва худкори техникӣ. Чунин системаҳо мақсадноканд: рафторашонро узвҳои қабулкунанда, табдилдиҳанда ва татбиқкунандаи иттилоот идора мекунанд. Ин ҷанб қариб ҳамаи фанҳои умумитаълимиро дар бар мегирад ва фанҳои ТИ, информатика ва кибернетикаро ба ҳам мепайвандад.
Ҷанбаи дуюм – усулҳо ва воситаҳои техникии дарёфт, ғункунӣ, захира, табдил, ирсол ва истифодаи иттилоот бо компютер ва дигар воситаҳои электронии муосир. Ин ҷанб пеш аз ҳама бо татбиқи донишҳо дар ҳаёт ва омода кардани хонандагон ба фаъолияти эҷодӣ алоқаманд аст.
Мақсадҳои омӯзиши ТИ
Соҳаи таълимии ТИ хусусияти комплексӣ дорад. Ҳар як қисми он вазифаи алоҳида дорад ва ба мақсадҳои зерин равона шудааст: