Маркази, тир ва ҳамвории симметрия
Дар синфи 10 симметрияро нисбат ба нуқта, хатти рост ва ҳамворӣ омӯхтаед. Ҳоло мебинем, ки дар бисёррӯяҳо чӣ тавр ҳосил мешаванд.
Маркази симметрия. Диагоналҳои ҳар параллелепипед дар як нуқта бурида мешаванд ва ин нуқта ҳар диагоналро ба ду қисми баробар тақсим мекунад (мавзӯи 6). Ин нуқта маркази параллелепипед аст. Нисбат ба он ҳар қулла ба қуллаи муқобил мегузарад ( ва ҳоказо), пас параллелепипед ба худаш мегузарад: нуқтаи буриши диагоналҳо — маркази симметрия (расми 1).