Мушоҳида мекунем
- Умеда 40 шириниро дар байни 10 дугона, ки худаш ҳам шомил буд, баробар тақсим кард. Бо ёрии кадом амал ёфтан мумкин аст, ки ҳар як дугона чанд ширинӣ дорад?
- Дар моҳи август 80 миллиметр боришот ба қайд гирифта шуд. Дар моҳи сентябр боришот ду баробар зиёд шуд. Бо ёрии кадом амал ёфтан мумкин аст, ки дар моҳи сентябр чӣ қадар боришот буд?
- Шумораи тамошобинон дар як моҳ 100 нафар буд. Шумораи онҳо 3 маротиба зиёд шуд. Бо ёрии кадом амал ёфтан мумкин аст, ки шумораи тамошобинон чӣ қадар шуд?
- Дар китобхонаи шаҳрӣ 5 000 китоб мавҷуд аст. Китобхонаи мактаб 5 маротиба камтар китоб дорад. Бо ёрии кадом амал ёфтан мумкин аст, ки дар китобхонаи мактаб чанд китоб мавҷуд аст?
Супориши 9. Кори фардӣ. Хулосаро нависед:
Калимаҳои калидие, ки зарбро нишон медиҳанд: «… баробар зиёд», «… маротиба зиёд», «… маротиба бештар». Калимаҳое, ки тақсимро нишон медиҳанд: «… маротиба кам», «… маротиба камтар», «баробар тақсим кард». Боз чанд калимаи калидӣ биёред.
Супориши 10. Кори дунафара. Барои ҳар масъала амали арифметикиро нависед ва фаҳмонед, ки чаро ҳамин амалро интихоб кардед:
- а) Дар як қуттӣ 12 қалам аст, дар қуттии дигар 3 маротиба зиёд. Дар қуттии дуюм чанд қалам аст?
- б) 48 дафтарро ба 6 хонанда баробар тақсим карданд. Ҳар хонанда чанд дафтар гирифт?
- в) Падар 40-сола аст, писараш аз ӯ 4 маротиба хурдтар. Писар чандсола аст?
- г) Дафтар 5 сомонӣ меистад, китоб аз дафтар 6 маротиба қиматтар. Китоб чанд сомонӣ меистад?
Саволҳои 1–2. Бо ёрии кадом амал ёфтан мумкин аст, ки хонанда акнун чанд қалам дорад? (Ҷамъ ё зарб?)
- Хонанда 5 қалам дошт. Ба ӯ боз 2 қалам доданд.
- Хонанда 5 қалам дошт. Ба ӯ ду баробар бештар қалам доданд.
Саволҳои 3–4. Бо ёрии кадом амал ёфтан мумкин аст, ки дар бутта чанд тути заминӣ монд? (Тарҳ ё тақсим?)
- Дар бутта 9 дона тути заминӣ буд. Пас аз хӯрдан миқдори онҳо 3 маротиба кам шуд.
- Дар бутта 9 дона тути заминӣ буд. Пас аз хӯрдан миқдори онҳо 3-то кам шуд.
Супориши 12. Кори фардӣ. Хулосаро нависед:
«5 ба 2 зиёд шуд» — ба 5 як бор 2 илова мекунем: «5 ду маротиба зиёд шуд» — 5-ро ду бор мегирем: Ҳамин тавр «9 ба 3 кам шуд» — «9 се маротиба кам шуд» —