Мафҳумҳои сомона, сайт, сафҳаи интернетӣ, вебсафҳа, вебсервер, вебсанад, вебпайванд, вебгиреҳ ва ғайра, ки имрӯз зуд-зуд ба гӯш мерасанд, ба як мафҳуми куллӣ – Интернет – иртибот доранд ва аз як сарчашма – web (торнигор) ибтидо мегиранд.
Сомона ҳамрадифи калимаи англисии site (сайт) аст, ки маънои аслиаш «макони зист» мебошад. Сомона метавонад ҳамагӣ аз як саҳифаи оддии матнӣ ё як расм иборат бошад, ё сохтори мураккаб аз садҳо ва ҳазорҳо вебсафҳаи бо пайвандҳо пайвастшуда. Вақте «сафҳаи интернетӣ» мегӯянд, одатан сомона дар назар дошта мешавад.
Талаботи асосӣ: сомона хонданбоб ва дилкаш бошад. Бинобар ин ҳангоми сохтан бештар аз мутахассисон кӯмак мегиранд, аммо навомӯзон низ метавонанд саҳифаи зебо ва пурмазмун созанд. Сомонаҳо аз рӯйи ҳаҷми иттилоот, мазмун ва вазифа гуногунанд.
Чор навъи сомона
Тасниф кардани сомонаҳо кори душвор аст: муҳтавои онҳо хеле гуногун аст ва ҳама навъи иттилоотро дар бар гирифта метавонад. Бинобар ин онҳоро шартан ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд.
Сомонаҳои хусусӣ
Онҳо аввалин лоиҳаҳои Интернет мебошанд; бо туфайли онҳо доираи корбарон аз ибтидо зиёд мешуд. Дар аввал сафҳаҳои шахсӣ, баъд лоиҳаҳои муаллифӣ ва пас порталҳо пайи ҳам эҷод мешуданд. Аксар вақт умри дароз надоранд: баъзеи онҳо дар сервер ҳамагӣ як сол мемонанд, зеро ихлосмандони ҳақиқӣ ва зиёдро ҷамъ карда наметавонанд. Се навъ:
- шахсӣ – сохтори содда; муаллиф дар бораи зиндагинома, оила, касб ва шуғли дӯстдошта навишта, расми худ ва наздиконро мемонад (саҳифаи хонагӣ низ мегӯянд);
- ҳаваскорона – оид ба шуғли дӯстдошта: саёҳат, шоҳмот, санъат;
- шахсиятҳои маъруф – шоирон, нависандагон, сарояндагон, варзишгарон; ё мухлисон месозанд ё мутахассисон.
Сомонаҳои иттиҳодиявӣ
Роҳнамо оид ба фаъолияти ширкат ё муассиса: шакли истеҳсолот, маҳсулот, нарх, тамос, хизматрасонӣ. Суроғаи интернетии вазорату саридораҳо, корхонаву ташкилотҳо, ширкатҳо ва муассисаҳои таълимию тиҷоратӣ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва маълумотномаву варақаҳои идорӣ нишон дода мешавад. Қариб ҳамаи коргоҳҳо маълумотро ба ин тариқ ҷойгир мекунанд. Гоҳо онҳо қисми мағозаи интернетиянд: тавассути он дар реҷаи онлайн ба молу хизматрасонии иттиҳодия дархост додан ва онҳоро дастрас кардан мумкин аст.
Захираҳои иттилоотӣ
- Васоити ахбори омма – сомонаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ; теъдоди корбарон хеле зиёд аст; бо ёрии онҳо доимо ва таъҷилан ахбори тоза пайдо мекунанд.
- Китобхонаҳои электронӣ – иттилооти таълимӣ, илмӣ, методӣ ва бадеӣ; оройиши олӣ надоранд, зеро ба маънавиёти хонанда равона шудаанд.