Масъалаи амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва доманадор аст ва самти мустақили технологияҳои иттилоотию иртиботӣ мебошад. Ҳифзи иттилоот донишҳои махсус талаб мекунад. Илми методҳои ҳифзи иттилоотро криптография меомӯзад.
Самтҳои асосӣ
- чорабиниҳои ташкилӣ ва пешгирӣ (профилактика);
- истифодаи барномаҳои зидивирусӣ;
- ҳифз аз мукотиботи номақбул (спам);
- истифодаи полойишгарони шабакавӣ (файрвол, брандмауэр).
Чорабиниҳои пешгирӣ
Корбарон на ҳамеша ба барномаҳои гаронарзиши ҳифз дастрасӣ доранд, аммо бояд махзани худро аз ноҷурӣ ҳифз кунанд. Тавсияҳо:
- нусхаи эҳтиётӣ: парвандаҳоро бойгонӣ карда, дар CD, флешкарт ё дигар восита захира кунед;
- ҳар воситаи нигоҳдорӣ ва ҳар парвандаи аз почта омадаро бо зидивирус санҷед;
- зидивирусро мунтазам истифода баред ва нав кунед.
Зидивирус
Барномаҳои зидивирусӣ вирусҳоро меёбанд, намудашонро муайян мекунанд ва дискҳо ва парвандаҳои сирояткардаро «табобат» менамоянд. Онҳоро аз рӯйи принсипи ҷустуҷӯ ва иқтидори табобат ба навъҳо ҷудо мекунанд. Пойгоҳи вирусҳоро аз шабака мунтазам навсозӣ мекунанд, то зидивирус вирусҳои навро фавран ёбад.
Спам
Ба қуттии почтаи мо баъзан мактубҳои нолозим ворид мешаванд, ки асосан рекламавӣ ё ташвиқотӣ мебошанд. Онҳоро спам мегӯянд. Барои ҳифз аз спам полойишгарони почтавӣ хизмат мекунанд: онҳо мактубҳои шубҳанокро худкор ба категорияи «Спам» мегузоранд. Ба спам ҷавоб надиҳед.
Полойишгарони шабакавӣ
Файрвол (fire-wall – «девори оташ», экрани байнишабакавӣ) ва брандмауэр – полойишгаронанд. Қисми зиёди файрволҳо ройгон паҳн мешаванд ё бо системаи амалиёт меоянд.
Вазифаи файрвол – пайвастшавиҳои номатлубро байни ду шабака пешгирӣ кардан; брандмауэр бошад шабакаҳои маҳаллӣ ё компютерҳои алоҳидаро дар Интернет ҳифз мекунад ва дастрасиро ба иттилооти хусусӣ маҳдуд менамояд.
Рамз ва фиреб
Дар зер танҳо рамзи ихтироъӣ нависед (на рамзи ҳақиқии худро!).