Таъомул чист
Решаи вожаи таъомул калимаи «амал» аст. Он бо мафҳумҳои куниш (амал кардан) ва вокуниш (аксуламал нишон додан) ҳамбаста аст. Таъомули василаҳои чандрасонаӣ ба корбари система имконоти фаровони корбурдро медиҳад. Ба ибораи дигар, таъомул – интерактивӣ будан: корбар ва система бо ҳам амал мекунанд.
Дар иртиботи байни корбар (омӯзанда) ва система (маҳсулоти чандрасонаӣ) се навъи таъомул вуҷуд дорад.
Дар ин се амсилаи корбарӣ тарзи идоракунӣ аз тарафи корбар ва аз тарафи барнома дар сатҳҳои гуногун аст. Дар вокунишӣ тарроҳи система тамоми равиши идораи амалиётро дар ихтиёри худ дорад: ҳар куниш ва вокуниш аз ибтидо муайян шудааст. Дар фаъол ва дуҷониба идоракунӣ ва корбурд бештар дар ихтиёри корбар аст.
| Навъ | Мисол |
|---|---|
| Вокунишӣ | санҷиши бархат (онлайн-тест): саволҳо ба тартиби аз пеш барномарезишуда меоянд ва корбар равиши дигари посухдиҳӣ надорад |
| Фаъол | посух додан ё надодан ба фикру мулоҳиза ё саволи дар вебсафҳа гузошташуда пурра ихтиёрист; барнома ин амалро пешбинӣ карда наметавонад |
| Дуҷониба | муҳити виртуалӣ, ки дар он корбар ва система ба амалҳои ҳамдигар вокуниш нишон медиҳанд |
Муносибатҳои таъомулӣ
Муносибатҳои таъомулӣ ба раванди таъсири корбар ва системаи чандрасонаӣ, ба ҷараёни омӯзиш ва расонидани муҳтавои иттилоот имкониятҳои зиёд медиҳанд. Масалан:
| Муносибат | Маъно |
|---|