Мафҳуми чандрасона
Истилоҳи «мултимедиа» (чандрасона) аввалин маротиба дар солҳои 60-уми асри гузашта истифода шудааст. Он замон ин мафҳум ба намоишҳои театрикунонидашудаи боҳашамат дахл дошт: иттилоотро дар шаклҳои гуногун ва бо воситаҳои мухталиф ба тамошобин мерасониданд. Барои пуртаъсир шудани намоиш дар саҳна аз сухан, тасвир, садо, нур (прожектор), слайд, суруд, рақс ва мусиқии зинда ва сабтшуда истифода мебурданд. Ин тарз ба якчанд узви ҳиси одам якбора таъсир мерасонд ва таъсири эҳсосиаш амиқтар буд. Дар Тоҷикистон низ намунаҳои олии ин тарзи ифода дар ҷашнҳои бузург – иди Наврӯз ва санаҳои таърихӣ – дар варзишгоҳҳо ва толорҳои консертӣ дида мешавад.
Мафҳуми «чандрасона» хеле васеъ аст: онро ҳам ба нармафзор ва ҳам ба сахтафзор мансуб медонанд. Аз ин рӯ барояш таърифҳои зиёде ҳастанд. Чаҳор таъриф:
| № | Чандрасона – ин… |
|---|---|
| 1 | технологияи муайянсозии сохтор, амалкард ва истифодаи якчанд намуди иттилоот |
| 2 | нармафзоре, ки намудҳои гуногуни иттилоотро коркард ва пешниҳод мекунад |
| 3 | сахтафзоре, ки корбурди якчанд намуди иттилоотро таъмин мекунад |
| 4 | иттилооти ҷамъбастӣ, ки маълумоти маъмулиро (матн, тасвир, сухан, мусиқӣ, порчаҳои дидорӣ, садоӣ ва аниматсионӣ) якҷоя мекунад |
Ҳамаи таърифҳо дурустанд, вале ягонтои онҳо мафҳумро пурра ифода намекунад. Дар маъное васеъ, чандрасона – системаест, ки дар он корбар дар як вақт ҳам хонанда, ҳам шунаванда ва ҳам бинанда аст. Чандрасона технологияест, ки дар системаи компютерӣ матн, садо, тасвир, график ва аниматсияро дар шакли ягонаи иттилооти рақамӣ муттаҳид мекунад. Он ба компютер имкон медиҳад, ки додаҳои навъи гуногунро ворид ва захира кунад, коркард намояд, интиқол диҳад ва нишон диҳад.