Системаи садо
Имрӯз дастгоҳҳои электронии зиёде ҳастанд, ки махсусан бо садо кор мекунанд. Бисёр дастгоҳҳои дигар чандрасонаӣ мебошанд: онҳо на танҳо бо садо, балки якбора бо матн, ҷадвал, видео, тасвир ва график низ кор мекунанд. Системаҳои технологияҳои иттилоотӣ ҳамеша аз ду қисм иборатанд: сахтафзор ва нармафзор. Қисми нармафзории системаҳои чандрасонаӣ рӯз то рӯз муҳимтар мешавад.
Садои аналогӣ ва рақамӣ
Садоро бо ду технология коркард мекунанд: аналогӣ (қиёсӣ) ва рақамӣ.
| Технология | Хусусият |
|---|---|
| Аналогӣ | садо дақиқ сабт мешавад, вале маводи навор номукаммал аст ва кӯҳна мешавад; ҳангоми сабт ба навор халалҳои (ихтилоли) берунии зиёд ҳамроҳ мешаванд; шунаванда садои аслиро комил намешунавад |
| Рақамӣ | ба халалҳо камтар вобаста аст; сабтро ҳарҷониба коркард кардан мумкин аст |
Дар технологияҳои рақамӣ коркарди садо ду самт дорад: коркард аз ибтидои сабт ва коркарди садои аллакай сабтшуда. Дар ҳолати дуюм, агар порчаи сабтшуда аллакай ҳаст, коркард хеле осон ва сода мешавад.
Корбурди чандрасонаии садо дар ин мавридҳо бисёр муфид аст:
- барои омода кардани маводи савтии дарсӣ (дарсҳои шунавоӣ);
- барои пахши овози омӯзгор ё нотиқ бо слайдҳои рӯнамо, ки график, матн ва видео доранд;
- барои зинда кардани робити корбар ҳангоми намоиш (садои иваз шудани слайд, пахши тугмаи муш);
- барои сохтани албом ва китобҳои савтӣ.
Се марҳалаи коркард
Ин се марҳала раванди коркарди садоро пурра нишон намедиҳанд: барои пурратар шарҳ додан истилоҳу донишҳои касбии бештар лозим аст.
Виросторони садо: Wavelab ва Audacity
Дар интернет ҳазорон нармафзори коркарди садоро ройгон ва пулакӣ ёфтан мумкин аст. Ин навъ нармафзорҳоро виросторони садои рақамӣ меноманд.
- (аз ширкати Steinberg) – виростори хеле пешрафта, асосан барои корбарии касбӣ (дар студияҳои сабти садо); иҷозатнома лозим аст ва онро бояд расман харидорӣ кард.