Барномаҳои хидматӣ
Барномаҳои хидматӣ низ ба мисли барномаҳои стандартӣ – барномаҳои муфид ва шинохтаи СА MS Windows ба ҳисоб мераванд. Онҳо низ ҳангоми насби системаи амалиётӣ ба таври худкор дар компютер насб мегарданд.
Барномаҳои хидматӣ имкон медиҳанд, ки норасоиҳои системаи парвандаӣ ошкор ва бартараф карда шаванд, танзимоти нармафзорӣ ва сахтафзории компютер мутаносиб гардонида шаванд ва баъзе амалиёти дилгиркунандаи хизматрасонии компютерӣ худкор гардонида шаванд.
Дар мавзуъҳои қаблӣ барномаҳои Ҳамин компютер (Этот компьютер) ва Лавҳаи идоракунӣ (Панель управления)-и ин гурӯҳ ҳангоми омӯзиши ҷузвдонҳои системавӣ истифода шуда буданд. Ҳоло бо таъиноти баъзе аз барномаҳои дигари он шинос мешавем.
Барномаҳои татбиқӣ
Барномаҳои татбиқӣ – маҷмуи барномаҳо барои ҳалли масъалаҳои амалӣ мебошанд. Ин барномаҳо ба ҳайати таъминоти барномавии компютер дохил мешаванд. Онҳоро аз рӯйи таснифот ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: барномаҳои татбиқии таъиноти умум ва барномаҳои татбиқии таъиноти махсус (касбӣ).
Барномаҳои татбиқии таъиноти умум
Барномаҳои татбиқии таъиноти умум – маҷмуи барномаҳое мебошанд, ки барои ҳалли масъалаҳои универсалӣ ва умумитарин пешбинӣ шудаанд. Ин гуна барномаҳоро қариб ҳамаи корбарони компютер истифода мебаранд. Бо баъзе барномаҳои татбиқии одитарин мо аллакай шинос ҳастем.
- Виросторони матнӣ – барномаҳои одии стандартӣ барои бидуни форматбандӣ сохтан ва таҳрир намудани матн. Мисолҳо: Notepad, TextPad;
- Протсессорони матнӣ – барномаҳои мукаммал барои сохтан, таҳрир ва форматбандии матн бо татбиқи ҷадвалҳо, графикҳо, формулаҳо ва объектҳои дигар. Мисолҳо: WordPad, MS Word, Writer;
- Ҷадвалҳои электронӣ – барномаҳо барои коркарди маълумоти ададӣ дар шакли ҷадвал. Мисолҳо: MS Excel, Calc;
- Виросторони графикӣ – барномаҳо барои сохтан ва таҳрири объектҳои графикӣ: растрӣ – барои тасвирҳои растрӣ (нуқтавӣ), ва векторӣ. Мисолҳо: растрӣ: MS Paint, Adobe Photoshop; векторӣ: CorelDRAW, Adobe Illustrator;
- Инъикосгарон (Просмотрщики) – барномаҳо барои азназаргузаронии парвандаҳои форматҳои универсалӣ (бинед поён);
- Системаҳои идоракунии махзани маълумот (СИММ) – барномаҳо барои идоракунии раванди сохтан ва коркарди махзани маълумот. Мисолҳо: MS Access, Paradox;
- Бозиҳои компютерӣ – барномаҳои дилхушӣ ва омӯзишӣ. Мисолҳо: 3D-шутер, «Гурба-Леополд», «Забони англисӣ меомӯзем»;
- Тарҷумонҳо – луғатҳои электронӣ барои тарҷумаи калима ва ибораҳои алоҳида. Мисолҳо: ABBYY Lingvo, МултиЛекс, ПРОМТ.