Барномаҳои стандартӣ
Барномаҳои стандартӣ дар системаи амалиётии MS Windows – маҷмуи барномаҳои муфид ва маъруфе мебошанд, ки ҳангоми дар компютер насб шудани системаи амалиётӣ бевосита бо он ба таври худкор насб мегарданд. Аз ин рӯ ин гурӯҳи барномаҳоро барномаҳои таркибии системаи амалиётӣ мегӯянд.
Барномаҳои стандартӣ барои амалигардонии мақсадҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Дар системаи амалиётии MS Windows 10 барномаи стандартиро бо ёрии силсиладастурҳои зерин фаъол кардан мумкин аст:
Мо дар мавзуъҳои қаблӣ бо ду барномаи стандартӣ – виросторони матнии Блокнот (NotePad) ва WordPad шинос шуда будем.
Қариб ҳамаи барномаҳои стандартии СА MS Windows маълумотномаи дохилӣ (дастури корбарӣ) доранд. Барои пайдо кардани маълумоти зарурӣ оид ба барномаи стандартӣ ё ягон ҷузъи он кофист, ки дар сафҳакалид тугмаи функсионалии «F1» ё дар тарафи рости сатри менюи барнома «аломати савол» – «?» пахш карда шавад.
Барои чӣ барномаҳои стандартӣ лозиманд
Дарҳол пас аз насби СА MS Windows, бе ягон замимаи иловагӣ, компютерро барои бисёр корҳои муфид истифода бурдан мумкин аст. Ин имкониятро маҳз барномаҳои стандартии таркибии системаи амалиётӣ медиҳанд. Онҳо вариантҳои одии замимаҳои татбиқии истифодаи умум мебошанд.
Барномаҳои стандартӣ ба навомӯзон имкон медиҳанд, ки бо барномаҳои ҳатмии MS Windows шинос шаванд ва бо ёрии буфери мубодила байни барномаҳо иттилоот мубодила кунанд. Онҳо ба рушди идрок, малакаҳои кор бо муш ва сафҳакалид, худсанҷӣ, хулосабарорӣ ва ёддоштнависии хонандагон мусоидат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, барномаҳои стандартӣ метавонанд фарҳанги иттилоотии хонандагонро рушд дода, онҳоро дар руҳияи зиракӣ, ҳушёрӣ, дақиқкорӣ, бонизомӣ, устуворӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Тарзҳои кушодани равзанаҳои барномаҳои стандартӣ ва усулҳои истифодаи онҳо аз ҳамдигар кам фарқ мекунанд. Ҳоло бо таъиноти баъзе аз ин барномаҳо шинос мешавем.