Барнома – дастури компютерӣ
Барнома яке аз афзорҳои асосии истифодабарандаи компютер ба ҳисоб меравад. Бесабаб барномаро дастури компютерии истифодабаранда намегӯянд.
Тамоми равандҳое, ки дар компютер ба вуқуъ мепайванданд, таҳти иҷрои ин ё он барнома амалӣ мегарданд. Масалан, ба кор омодашавии системаи амалиётиро барнома идора мекунад. Худи системаи амалиётӣ – барнома аст. Ҳар гуна бозии компютерӣ низ барнома аст. Тамошои видео ё шунидани мусиқӣ низ бо ёрии ягон барнома амалӣ мегардад.
Барномаҳоро аз рӯйи он, ки онҳо ба компютер чӣ тавр меоянд, ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:
Худи системаи амалиётӣ маҷмуи барномаҳои махсус аст, ки сахтафзор, нармафзор ва дархостҳои истифодабарандаи компютерро идора мекунад.
Барнома ва парванда
Барнома аз парванда, қабл аз ҳама, бо қисми иловагии номаш фарқ мекунад. Қисми иловагии номи барномаҳо, маъмулан, «.exe» мебошад. Ҳангоми оғози кори барнома бевосита интерфейс – майдони кории он кушода мешавад. Ҳангоми оғози кори парванда бошад, аввал барномае ба кор шурӯъ мекунад, ки ин парванда ба воситаи он сохта шудааст. Ва ниҳоят, парванда – маҳсули барнома буда, барнома – маҳсули барномасоз мебошад.
Ҳамин тариқ, барномаи компютерӣ – пайдарпайии дастурҳое мебошад, ки барои иҷрои компютер пешбинӣ шудааст. Мафҳуми «барномаи компютерӣ»-ро ба матни додашудаи худи барнома (рамзи барномавӣ) низ татбиқ мекунанд.
Таъминоти барномавӣ
Кулли барномаҳои компютериро якҷоя бо қоидаҳои истифодабариашон таъминоти барномавии компютер ё нармафзор меноманд. Таъминоти барномавии компютерро, ки аз миллионҳо барномаҳои гуногун иборат аст, асосан барномаҳои системавӣ, татбиқӣ ва забонҳои барномасозӣ ташкил медиҳанд.
- Ба барномаҳои системавӣ – системаҳои амалиётӣ, барномаҳои хидматӣ (утилитҳо), барномаҳои зиддивирусӣ, трансляторҳо, компиляторҳо, системаҳои экспертӣ, барномаҳои шабакавӣ ва ғайра дохил мешаванд.
- Ба барномаҳои татбиқӣ бошад, виросторони матнӣ, графикӣ, рӯнамоӣ, ҷадвалҳои электронӣ, системаҳои идоракунии махзани маълумот, бастаи барномаҳои муҳосиботӣ, менеҷменти оморӣ, системаҳои худкорсоз, системаҳои маълумотӣ-ҳуқуқӣ ва ҳоказо дохил мешаванд.