Интернет манбаи марказӣ ва боэътимоди иттилооти нав шудааст. Ба он на танҳо бо компютер, балки бо телефони ҳамроҳ низ пайваст шудан мумкин аст.
Интернет чӣ тавр пайдо шуд
Тараққиёти техникаи компютерӣ воситаҳои мубодилаи иттилоотро мукаммал кард. Пас аз ARPANET, дар солҳои 70-уми асри XX, шабакаҳои дигари компютерӣ пайдо шуданд: якчанд донишгоҳи ИМА компютерҳояшонро бо модемҳои суръаташон начандон зиёд пайваст карданд. Имкониятҳои ин шабака маҳдуд буданд, вале технологияи он ба пайдоиши системаи телеконфронсҳои Usenet асос гузошт.
Ғояҳои гуногуни татбиқӣ ва роҳҳои гуногуни шабакасозӣ он вақт имкон намедоданд, ки системаҳои гуногун якҷоя кор кунанд. Бинобар ин таҳиягарон ва муҳандисон зуд ғояи нави дарғот (gateway – шлюз, дарвозаи иттилоотгузаронӣ) эҷод карданд: ба воситаи он шабакаҳои навъҳои гуногунро ба ҳам пайвастан мумкин шуд.
Дарғотҳо протоколи умумии мубодилаи иттилоот – протоколи Интернет (IP)-ро истифода мебаранд. Имрӯз IP ба стандарти ҳамаи шабакаҳои компютерӣ, ҳатто шабакаҳои маҳаллӣ, табдил ёфтааст. Бо мурури замон шумораи компютерҳои ба шабака пайваст афзуд ва одамон ин тарзи озоди пайвастшавии компютерҳоро Интернет ном карданд.
Интернет чист
Интернет тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Дар аввали асри XXI зиёда аз 100 миллион нафар аз он истифода мебурд; имрӯз шумораи корбарон ба миллиардҳо мерасад ва ҳамеша меафзояд. Аз ин рӯ Интернетро шабакаи шабакаҳо мегӯянд.
Интернет шабакаи мутамарказ нест: он аз маҷмӯи шабакаҳои алоҳида иборат аст ва маркази идоракунӣ ва роҳбарияти ягона надорад. Аз ибтидо он барои интиқоли устувори иттилоот ва коркарди бенуқсони додаҳо сохта шудааст.
Се мафҳуми калидӣ
Асоси Интернетро се мафҳум ташкил медиҳад.
TCP/IP махсус барои Интернет сохта шудааст. Хусусиятҳои он: эътимоднокӣ дар интиқол, бе талафот расонидани иттилоот ба макон, ҳангоми аз кор мондани ягон ҷузъи шабака худкор иваз кардани роҳи иттилоот, чандирӣ ва имконияти худвасеъшавӣ. TCP ва IP ду қисми як оилаанд (Дарси 8); IP суроғаи компютерро медиҳад, TCP интиқолро беталаф мекунад.
| Нақш | Чӣ кор мекунад |
|---|---|
| Компютери марказӣ (host) | иттилоотро байни муштариён ва шабака мегузаронад |