Омӯзгори муҳтарам! Дар ин саҳифа матни пурраи саҳифаҳои 144–148-и китоб оварда шудааст. Пас аз ҳар рӯйхат дар қуттии хурд нишон дода шудааст, ки кадом дарсҳои курс он бандҳоро меомӯзонанд.
Ҳадди ақалли ҳатмии дониши хонандагон аз фанни технологияи иттилоотӣ ва салоҳиятнокии онҳо
Ҳадди ақалли ҳатмии дониши хонандагон
Ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни маводди таълим аз фанни технологияи иттилоотӣ ба хонандагони синфи 5 имкон медиҳад, ки:
- бо тарзҳои ченкунии иттилоот, воҳидҳои миқдории иттилоот (бит, байт, килобайт ва ғайра) шинос шаванд;
- дар бораи сохти компютер, тарзи умумии кори қисмҳои асосӣ ва иловагии он тасаввурот ҳосил кунанд;
- блокҳои сафҳакалиди компютерро азхуд намоянд;
- тарзи истифодаи барнома-виросторони матнии таълимиро донанд;
- оид ба тарзи навишт ва таҳрири компютерии диктанту нақли хаттӣ ва тайёр кардани рӯзномаи деворию дафтари ёддошт тасаввурот дошта бошанд;
- оид ба мафҳуми алгоритм тасаввурот дошта бошанд;
- дар асоси таҳлили мисолҳо мафҳуми алгоритмро фаҳмонида тавонанд;
- компютерро ҳамчун воситаи худкори иҷрои алгоритмҳо дарёбанд;
- «махзани алгоритмҳо»-ро дар мураттабсозии алгоритмҳои мураккаб истифода бурда тавонанд;
- сохторҳои асосии алгоритми (хаттӣ, шоханок, такроршаванда)-ро дар ҳалли масъалаҳои таълимӣ татбиқ карда тавонанд;
- дар сохтани алгоритми ҳалли масъалаҳо аз забони алгоритмӣ истифода бурда тавонанд;
- дар бораи намудҳо ва вазифаҳои таъминоти барномавии компютер – барномаҳои системавӣ-бунёдӣ, барнома-трансляторҳо, барномаҳои татбиқӣ, забонҳои барномасозӣ ва ғайра тасаввурот дошта бошанд;
- барномаҳои стандартиро дар ҳалли масъалаҳои таълимӣ татбиқ карда тавонанд.
Салоҳиятҳои фанни технологияи иттилоотӣ
Китоби дарсии фанни технологияи иттилоотӣ барои синфи 5 дорои салоҳиятҳои махсус мебошад. Ин салоҳиятҳо водор месозанд, ки:
- унсурҳои фарҳанги иттилоотии хонандагон дар раванди омӯзиши назарияи технологияҳои иттилоотӣ ташаккул ёбанд;
- хонандагон бо воситаҳои иттилоотонии муосир шинос шаванд;
- малакаҳои корбарии хонандагон бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии замонавӣ инкишоф дода шаванд;
- дониши хонандагон аз рӯйи технологияҳои компютерии корбарӣ бо барномаҳои стандартии системаҳои амалиётӣ рушд ёбад;
- хонандагон тарзҳои татбиқи технологияҳои ҳифзи иттилоотро дар амалия донанд;
- бо технологияҳои коркарди иттилооти матнӣ дар муҳити системаи амалиётӣ шинос шаванд ва онҳоро дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ истифода баранд;
- моҳияти мафҳуми алгоритмро фаҳманд, хосиятҳои асосии онро донанд ва дар мисоли алгоритмҳои мушаххас онҳоро нишон дода тавонанд;
- дар забони алгоритмии таълимӣ алгоритми ҳалли масъалаи содаеро навишта тавонанд.