Парванда чист
Яке аз масъалаҳои муҳими барномасозӣ – дуруст истифода бурдани маълумоти парвандаҳо (файлҳо). Дар Python ду навъи парванда ҳаст:
- матнӣ – пайдарпайии аломатҳо (матн). Онро виростори матнӣ месозад, масалан «Блокнот» (Notepad); одатан формати
.txt. Файли.rtfматни оддӣ нест (он нишонаҳои шакл дорад) – барои барнома.txtгиред; - дуӣ (бинарӣ) – пайдарпайии 1 ва 0, яъне битҳо; формат
.bin.
Ҳамаи кор бо парванда аз се амал иборат аст: кушодан, коркард, пӯшидан.
Усулҳои парванда
Парванда бо f = open("ном.txt") кушода мешавад. open – функсия; дар аргумент номи парванда меояд (парванда дар як ҷузвдон бо барнома). Натиҷа – объекти парванда, ки усул дорад:
| Усул | Вазифа |
|---|---|
f.close() | парвандаи кушодаро мепӯшонад |
f.read(n) | n рамзи аввалро мехонад (бе n – ҳамаро) |
f.readline() | як сатри парвандаро мехонад |
f.readlines() | ҳамаи сатрҳоро ҳамчун рӯйхат мехонад |
next(f) | сатри навбатиро медиҳад (мисли readline()) |