Хонандагони азиз! Шуморо бо оғози соли нави таҳсил табрик мекунем. Шуморо як саёҳати нав интизор аст. Имсол шумо ва ҳамсинфонатон математикаро ба таври комилан нав меомӯзед. Дар ҳар дарс саҳифаи дарс ва дафтари шумо якҷоя истифода мешаванд: дар саҳифа мехонед, мушоҳида мекунед ва ба саволҳо ҷавоб медиҳед, ҳисобҳо ва ҳалли масъалаҳоро бошад, дар дафтар менависед — ҳам дар дарс, ҳам ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ. Дар охири ҳар як фасл боварӣ ҳосил кунед, ки дар саҳифаи дарс ягон саволи беҷавоб ва дар дафтаратон ягон ҷойи холӣ намондааст.
Қисми 1. Шаклҳои кор дар дарс
Супориши 1. Кори дунафара
1. Ба саҳифаи ҳамин дарс нигоҳ кунед ва ҷумлаи зеринро пурра кунед.
2. Бо рафиқатон саҳифаи дарс ва дафтари худро аз назар гузаронида, муҳокима кунед: дар саҳифа чӣ ҳаст ва дар дафтар чиро менависем? Андешаҳои худро нависед ва сипас он чизеро, ки мушоҳида намудед, бо ҳамсинфон мубодила кунед.
3. Ҳангоми иҷрои супориш кадом шакли корро истифода бурдед?
4. Дурустӣ ва нодурустии ҳар як тасдиқро оид ба кори дунафара қайд кунед. Сипас бо ҳамсинфон муҳокима кунед.
Супориши 2. Кори фардӣ
1. Чор тавсифи муносибати нав ба таълими математикаро, ки дар поён оварда шудаанд, хонед. Онҳоро ба таври фардӣ бо калимаҳои худ дар дафтар нависед: «1. Ман … 2. Ман … 3. Ман … 4. Ман …».
2. Ҳангоми иҷрои супориш кадом шакли корро истифода бурдед?
3. Дурустӣ ва нодурустии ҳар як тасдиқро доир ба кори фардӣ қайд кунед.
Супориши 3. Кори гурӯҳӣ
1. Дар гурӯҳҳои 4–6-нафара кор кунед. Дар гурӯҳ муқоиса кунед, ки чӣ тавр ҳар як узви он чор тавсифи муносибати навро навиштааст. Ҳар як нафарро гӯш кунед ва тавсифи ягонаро тартиб диҳед. Дар охир бояд гурӯҳ рӯйхати умумӣ дошта бошад: «1. Мо … 2. Мо … 3. Мо … 4. Мо …».
2. Рӯйхати худро бо тамоми ҳамсинфон мубодила кунед. Оё дар байни рӯйхатҳои шумо фарқ дида мешавад? Оё шумо бо ҳамдигар розӣ ҳастед?
3. Ҳангоми иҷрои супориш кадом шакли корро истифода бурдед?
4. Дурустӣ ва нодурустии ҳар як тасдиқро оид ба кори гурӯҳӣ қайд кунед.
Супориши 4. Кори фардӣ
Шаклҳои корро, ки дар дарс истифода мебарем, нависед.
Машқҳо: се гурӯҳ
Машқҳои ҳар дарс ба се гурӯҳ ҷудо шудаанд. Машқҳои гурӯҳи аввал барои дар синф иҷро кардан пешниҳод мешаванд. Машқҳои гурӯҳи дуюм барои дар хона иҷро кардан тавсия дода мешаванд. Ба гурӯҳи сеюм машқҳое дохил шудаанд, ки завқи донишомӯзиро бедор мекунанд; онҳо барои машғулиятҳои беруназдарсӣ ва дарсҳои иловагӣ пешниҳод шудаанд.