Системаҳои компютерӣ бо суръати хеле баланд рушд мекунанд. Чанд сол пеш ёфтани адабиёти зарурӣ барои олимону муҳаққиқони ҷавон душвор буд; имрӯз барои ёфтани маводи илмӣ ё бадеӣ кифоя аст, ки ба вебсафҳаи ҷустуҷӯӣ муроҷиат шавад. Компютер барои шумо офарида шудааст, на шумо барои компютер: аз он ҳамчун қаламу дафтар моҳирона истифода баред, то аз корбари оддӣ ба офаранда ва созандаи технологияҳо табдил ёбед.
Системаҳои компютерӣ дар ҳаёт
Пешгӯии аниқи он, ки пас аз 10 сол чӣ мешавад, душвор аст: ҳатто фосилаи кӯтоҳ метавонад комёбии навбатӣ диҳад. Барои ояндабинӣ бояд дастовардҳои ҷориро донист. Чанд самт:
- Хизматрасонӣ. Иртиботи иттилоотӣ ва амалиёти бонкии байни кишварҳо бо компютер идора мешавад. Фурӯши чиптаи ҳавопаймо ва қатора, бронкунии ҷой дар меҳмонхона, ёфтани хатсайр барои сайёҳон ба компютер вобаста аст. Компютерҳои дар шакли робот сохташуда бо инсон муошират мекунанд, ба саволҳо ҷавоб медиҳанд, дар меҳмонхона борҷомаро мебаранд ва меҳмонро то ҳуҷра мебаранд.
- Иттилоотонии ҷомеа. Пештар компютер асосан барои нигаҳдорӣ ва ҳифзи иттилоот буд. Имрӯз бо шабакаҳо имкониятҳои иртиботӣ хеле васеъ шуд: одамон хабарҳои навро асосан тавассути Интернет мегиранд ва ҳатто барномаҳои телевизион ва радиоро бо компютер тамошо ва гӯш мекунанд.
Самтҳои рушд
Оянда ба чор самт равона аст:
- содагардонӣ – идораи компютер осонтар мешавад;
- эътимоднокӣ – камтар вайрон мешавад;
- беҳтар шудани хосият ва параметрҳо;
- хурдтар шудани андоза.
Барои мубодилаи иттилоот байни компютерҳо технологияҳои инноватсионии робитавӣ пешбинӣ шудаанд:
- хатҳои инфрасурх;
- хатҳои алоқаи телевизионӣ;
- технологияи рақамии зудсуръати бесим.
Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки низомҳои зудсуръати иттилоотӣ ҳамаи системаҳои компютериро фаро гиранд. Самтҳои татбиқи компютерҳо мунтазам васеъ мешаванд ва ҳар қадами нав ба рушди техника мусоидат мекунад. Дар оянда ҳамаи компютерҳо – аз абаркомпютер то компютери фардӣ – қисмҳои як шабака мешаванд; барои ин интиқоли иттилоот бояд бо суръати хеле баланд ва бемаҳдуд бошад.
Компютерҳои алтернативӣ
Компютерҳои имрӯза бо нимноқилҳо сохта шудаанд ва ба архитектураи сеченакаи микросхемаҳо мегузаранд. Барои кӯчидан ба компютерҳои нав се роҳи алтернативӣ ҷустуҷӯ мешавад; дар онҳо навгониҳои илмҳои муосир истифода мегарданд.
Ҳар се навъ компютерҳои замони ояндаанд. Агар як ё ҳамаи ин самтҳо рушд ёбанд, барои онҳо барномаҳои мувофиқ низ сохта мешаванд.