Ин саҳифа ҳамаи ҷойҳоеро нишон медиҳад, ки курс аз матни чопшудаи китоб («Технологияи иттилоотӣ», синфи 8, 2026) фарқ мекунад: хатоҳои чопӣ ва маълумоти кӯҳна, ки ислоҳ шуданд, эзоҳҳо барои омӯзгор ва иловаҳои курс. Агар хонанда бо китоб кор кунад ва фарқеро бинад, сабабашро дар ин ҷо меёбад. Ҷавобҳои дурусти саволҳо, супоришҳо ва санҷишҳо дар ин саҳифа оварда намешаванд.
Боби 1. Барномаҳои системавӣ
Дарси 2. Сохтори парвандаӣ
- Дар китоб: ASCII «127 рамзи аввал»-ро истифода мебарад. Курс: ASCII 128 рамз дорад (аз 0 то 127).
- Дар китоб: Unicode – «аз 0 то 65536». Курс: 65 536 – ҳудуди 16 бит аст; Unicode беш аз як миллион рамз дорад; UTF-8 барои як аломат аз 1 то 4 байт мегирад (ҳарфи «ӣ» – 2 байт). Ин дар хати «Имрӯз» гуфта шудааст.
Дарси 4. Тарзи кори СА MS DOS
- Дар китоб: амалиёти воқеӣ дар «Сатри амр»-и DOS пешбинӣ шудааст. Курс: MS DOS дар компютерҳои нав кор намекунад, амалия дар симулятор иҷро мешавад; «Сатри амр»-и Windows (
cmd) танҳо ҳамчун ҳамтои воқеии ихтиёрӣ номбар шудааст. Фармонҳои хатарнок (format,del) дар диски воқеӣ омӯхта намешаванд.
Дарси 5. Системаи амалиётии MS Windows
- Дар китоб: «ҳарфҳои хурду калони номи парвандаву ҷузвдонҳо дар ин СА мутлақо аломатҳои гуногунанд». Курс: Windows ҳарфи калон ва хурдро нигоҳ медорад, вале номҳоро аз ҳам фарқ намекунад («Файл.txt» ва «файл.txt» – як ном); Linux фарқ мекунад.
- Дар китоб: «номи парванда то 256 аломат». Курс: то 255 аломат.
- Дар китоб: «Windows-Mu». Курс: Windows Me (дар матн танҳо рӯйхати қисман нигоҳ дошта шудааст).
- Дар китоб номҳои версияҳо то Windows-10 ҳастанд. Курс: Windows 11 (2021) ва поёни дастгирии Windows 10 (14 октябри 2025) дар хати «Имрӯз» оварда шудааст; рақами «навъи ҷорӣ» навишта нашудааст.
Дарси 6. Мизи корӣ ва дигар равзанаҳои СА MS Windows
- Дар китоб номи объектҳои системавӣ куҳнашудааст («Компютери ман», «Ҳуҷҷатҳои ман», «Сабад», «Муҳити шабакавӣ»). Курс: номи имрӯза бо номи куҳна дар қавс («Ин компютер (Мой компьютер)», «Ҳуҷҷатҳо (Мои документы)»).
- Дар китоб: ранги сарлавҳаи равзанаи фаъол «кабуди баланд». Курс: равзанаи фаъол аз ғайрифаъол бо ранги сарлавҳа фарқ мекунад (дар версияҳои гуногун рангҳо гуногунанд).
- Барои тағйири андоза: се тугмаи равзана (хурд кардан, васеъ кардан, пӯшидан) иловагӣ ба китоб дода шудааст.
Дарси 7. Системаи амалиётии Linux
- Дар китоб: «номи парванда набояд бо нуқта сар шавад». Курс: дар Linux номи бо нуқта сарёфта иҷозат аст, вале парванда пинҳон мешавад (
ls -a); аломатҳои «/» дар ном иҷозат нестанд. - Дар китоб: рамзи махфӣ «на камтар аз 6 аломат ва 4-тоаш ҳарф». Курс: ин намунаи қоида аст; рамзҳои дарозтар бехатартаранд.