Омӯзгори муҳтарам! Дар ин саҳифа матни саҳифаҳои 160–161-и китоб оварда шудааст (барои шумо, бо истинод ба саҳифаҳо). Пас аз ҳар рӯйхат дар қуттии хурд нишон дода шудааст, ки кадом дарсҳои курс он бандҳоро меомӯзонанд.
Ҳадди ақалли ҳатмии дониши хонандагон аз фанни технологияи иттилоотӣ ва салоҳиятнокии онҳо
Ҳадди ақалли ҳатмии дониши хонандагон
Ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни маводди таълим аз фанни технологияи иттилоотӣ ба хонандагони синфи 6 имконият медиҳад, ки:
- тарзи иҷрои худкори барномаро дар компютер фаҳманд;
- намуд ва тамғаҳои асосии компютерҳо ва тавсифоти муҳимми онҳоро донанд;
- амалҳои одитаринро бо иттилооти намудҳои графикӣ ва ададӣ иҷро карда тавонанд;
- ном ва вазифаи абзори асосии виросторони графикӣ ва ададиро донанд.
Самтҳои мазмунии фанни мазкур ба хонандагон имконият медиҳад, ки:
- оид ба моҳияти равандҳои иттилоотӣ, сохтор ва вазифаҳои унсурҳои асосии системаҳои иттилоотӣ тасаввурот ҳосил намоянд;
- бо марҳалаҳои асосии тараққиёти техникаи иттилоотию ҳисоббарорӣ ва таъминоти барномавии компютерҳо шинос шаванд;
- бо виросторони графикии одӣ ва барнома-ҳисобкунакҳо (калкуляторҳо) амалиёт гузаронида, тавассути онҳо санадҳои одии графикиро сохта, ҳисоббарориҳои содаро иҷро карда тавонанд;
- принсипҳои асосии графикаи компютериро ба воситаи виростори графикии Paint аз худ намоянд;
- бо истифода аз афзорҳои виростори графикӣ тарзи сохтан ва тағйир додани тасвирҳои хусусиро омӯзанд;
- мубодилаи объектҳои графикиро дар байни барномаҳои гуногун ташкил карда тавонанд.
Босалоҳиятии хонандагон доир ба фан
Хонандагон ҳангоми омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ соҳиби салоҳияти хосса гардида, бояд инҳоро донанд:
- номи мавзуи дарс ва шарҳи он;
- мазмуни мавзуъ;
- вазифаи хонагӣ.
Хонандагон бояд инҳоро иҷро намоянд:
- қайди мавзуи дарс дар дафтар;
- вазифаи хонагӣ;
- кулли супоришҳои омӯзгор;
- супоришҳои компютерӣ.
Хонандагон бояд инҳоро амалӣ карда тавонанд:
- шарҳ додан ва фаҳмондани вазифаи хонагӣ;
- тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пешниҳод кардани тавзеҳот;
- конспект кардани мавзуъҳо;
- бо риояи қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ беғалат мақсади худро рӯйи коғаз овардан;
- перомуни ҳар мавзуи дарсӣ моҳирона сухан рондан ва супоришҳоро дар компютер иҷро карда тавонистан.
Дар самти истифода ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ хонандагон бояд:
- бо барномаҳои таълимии компютерӣ кор карда тавонанд;
- дар ҳалли масъалаҳои таълимӣ барномаҳои мувофиқи татбиқиро интихоб ва истифода бурда тавонанд;