Ин дарси охирин аст. Дар он хулосаи хондаҳо, шунидаҳо ва гуфтаҳои худро мебароем.
Тасвири моддӣ-энергетикии олам
Мо дар макроолам зиндагӣ мекунем: объектҳои он аз рӯи андоза бо одам муқоисашаванданд. Макрообъектҳоро ба зинда (наботот, ҳайвонот, одам) ва ғайризинда (бино, иншоот, таҷҳизот, нақлиёт, мебел, либос, механизм) тақсим мекунанд. Макрообъектҳо аз молекулаҳо ва атомҳо иборатанд, онҳо бошанд, аз заррачаҳои сода (элементарӣ), ки бениҳоят хурданд. Олами объектҳои хурд микроолам аст.
Мо дар сайёраи Замин, ки ба Системаи Офтобӣ дохил мешавад, зиндагӣ мекунем. Офтоб ва миллионҳо ситораи атрофи он галактикаи Роҳи Каҳкашонро месозанд. Чунин галактикаҳо бешуморанд ва якҷоя Коинот-ро ташкил медиҳанд. Андозаи ин объектҳо бениҳоят бузург аст; барои ҳамин системаи фалакиёт мегаолам ном дорад.
Объект ба кадом олам тааллуқ дошта бошад ҳам, аз моддаҳо иборат аст. Мувофиқи назарияи физикии «Таркиши бузург» Коинот тақрибан 13,8 миллиард сол пеш дар натиҷаи таркиши лахтаи ғафси «нахустмодда» пайдо шудааст. Дар лаҳзаи таркиш нахустмодда дар шакли энергия буд. Баъд дар якчанд ҳиссаи сония он ба заррачаҳои сода табдил ёфт ва сохтори он тадриҷан мураккаб шуд: аз заррачаҳо атомҳо, аз атомҳо молекулаҳо пайдо шуданд. Зери таъсири қувваи ҷозиба сохторҳои мегаолам – ситораҳо, сайёраҳо ва галактикаҳо – ба вуҷуд омаданд.
Муҳити атрофро ҳамчун зинаҳо тасаввур кардан мумкин аст: заррачаҳои сода → атомҳо → молекулаҳо → макроҷисмҳо → ситораҳо → галактикаҳо. Молекулаҳо ва макроҷисмҳо бо мурури замон сабабгори пайдоиши системаҳои мураккаби биологӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ шуданд.
Энергия. Ҷисме, ки аз замин ба боло партофта мешавад, энергияи механикӣ дорад. Чойники тафсон – энергияи гармӣ, қили заряднок – энергияи барқӣ, ядрои атом – энергияи ҳастаӣ. Ҷараёни об чархи турбинаи истгоҳи барқи обиро мегардонад ва энергияи механикӣ ба барқӣ мегузарад. Дар истгоҳи барқи гармӣ энергияи гармӣ, дар истгоҳи ҳастаӣ – энергияи ҳастаӣ ба барқӣ табдил меёбад. Энергияи барқӣ тавассути ноқилҳо мерасад ва муҳаррики барқӣ онро ба механикӣ табдил медиҳад: қатораро ҳаракат медиҳад, лифти иморати серошёнаро мебардорад. Объектҳои моддӣ танҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар мавҷуданд, барои ҳамин ҳамеша энергия доранд.
Тасвири моддӣ-энергетикии олам аз фалсафаи қадим оғоз шуда, дар асри XVIII асосан дар доираи физика ва химия ташаккул ёфт. Аз миёнаи асри XX бештар ба системаҳои мураккаби биологӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ таваҷҷуҳ карданд.
Тасвири иттилоотии олам
Баъдтар маълум шуд, ки на ҳамаи хосиятҳои системаҳои мураккабро бо фаҳмиши танҳо моддӣ-энергетикӣ шарҳ додан мумкин аст. Барои сохт ва тарзи кори онҳо қонуниятҳои умумии равандҳои иттилоотӣ лозим буданд. Охири асри XX дар биология ва кибернетика, баъд дар информатика пайдо шуд. Он ҳодисаҳои атрофро аз нуқтаи назари хосиятҳои иттилоотӣ шарҳ медиҳад ва ба тасвири моддӣ-энергетикӣ муқобил нест: онро пурра мекунад.