Китобхонаро санҷед
Пеш аз кор дидан мумкин аст, ки китобхонаи matplotlib насб шудааст ва кадом версия: дар сатри фармонҳои системаи амалиётӣ pip show matplotlib ном, версия ва ҷойгоҳи онро нишон медиҳад (насб намекунад). Бо pip show -f matplotlib рӯйхати ҳамаи файлҳои он ҳам нишон дода мешавад. Дар Python худаш:
Натиҷа:
Версияи шумо дигар буда метавонад.
Шаклро чӣ тавр мекашем
Шакл – рӯйхати нуқтаҳо (қуллаҳо). plt.Polygon(нуқтаҳо, …) объекти шаклро месозад, ax.add_patch(шакл) онро ба майдони расм мемонад. Нуқтаҳоро ба тартиби гардиш (ҳамсоя бо ҳамсоя) гиред, вагарна хати шакл худро мебурад.
Мисоли 1. Секунҷа ва квадрат.
set_xlim(0, 9) ва set_ylim(0, 5) – ҳудуди майдон. Ҳудуд бояд аз нуқтаҳои шакл бузургтар бошад, вагарна шакл ба канор мечаспад. set_aspect('equal') миқёсро баробар мекунад: квадрат дар ҳақиқат квадрат менамояд.
Мисоли 2. Ромб бо диагоналҳои ва : чор қулла дар нуқтаҳои ва


